Модарам, чон модарам, харгиз машав дур аз барам,
Гавхари нодиртаринам, беназирам, мехварам.
Тифл будам, месуруди алларо дар гуши ман,
Ман сароям васфи ту акнун бароят, модарам.
Мурги дилро бол бахшиву умед аз нав дихи,
Оби хавзи Кавсарасти, модари эхёгарам.
Аз нигохи мехрборат мум гардад санги дил,
Бо дуоят дур гардад хар бало аз пайкарам.
Хамнишини бехтарини , пойдевори мани,
Чаннат омад зери поят , хоки поят бар сарам.