Оҳи дили Музаффар
Ба дил сад орзӯҳо доштӣ, эй дӯст,
Орзӯҳоро нотамом мондиву рафтӣ.
Ҳама дӯстон ғамгинанду ғамгин,
Ғам бар дили дӯстон мондиву рафтӣ.
Ту будӣ дилсӯз бар модари худ,
Дили модарро сӯзондӣ рафтӣ.
Ту будӣ меҳрубон ба падари худ,
Асое дасти ӯ мондиву рафтӣ.
Ту будӣ меҳрубон бо ман, эй дӯст,
Ту меҳри нотамом мондиву рафтӣ.
Ту будӣ бо ҳама мардум баробар,
Ҳама мардумро гирёндӣ рафтӣ.
Ба дил умед дошт бародаронат,
Умеди онҳо сӯзондӣ рафтӣ.
Ту бар хоҳар будӣ чун нури чашмаш,
Чаро хоҳарро гирёндӣ рафтӣ!?
Ту будӣ бо Музаффар ДӮСТИ ҶОНӢ,
Музаффарро ТАНҲО мондиву рафтӣ!!!
15.08.2016 (Музафар)