Ассалому алайкум.
Инак моҳи шарифи Рамазон гузашт, дар ин моҳ ҳар кас ба қадри ҳиммату имонаш парҳез кард, ниёиш намуд, тавба кард, дасти саховату хайр боз кард, дасту забонро аз маъсияту дурӯғ дур нигаҳ дошт. Хуш ба ҳоли онҳое, ки дар ин моҳ мукаммал рӯза доштанду пайваста рӯй ба даргоҳаш ниёиш намуданд. Хуш ба ҳоли онҳое, ки дар ин моҳ дасти хайру саховаташон фарохтар буду ҳоҷати ниёзмандеро бароварданд. Хуш ба ҳоли касе, ки аз ҳар лаҳзаи ин моҳ истифода намуду аз китоби муқаддас ва кутуби дигари илмиву таърихӣ бардоште кард ва ҳамчунон хуш ба ҳоли оне, ки ҳарчанд натавонист кулли аркони ин моҳро иҷро кунад, вале ба эҳтироми ин моҳ дар назди рӯзадорон таом нахӯрд, касеро ғайбат накард, хид