Духтаре дар донишгоҳ муаллима шуда кор мекард. Рузе яке аз шогирдонаш аз у пурсид: Барои чӣ сину солатон рафта истодаасту шумо шавҳар намекунед? Муаллима чунин ҷавоб дод: Як мард чаҳор духтар дошту писар надошт, ба завҷааш таъкид карда гуфт, ки агар боз духтар таваллуд кунӣ мекушамаш. Зан панҷумашро низ таваллуд кард, ин ҳам духтар шуд. Мард ғазаболуд шуда ба духтари панҷумаш умуман нигоҳ намекард. Пас аз чанд вақт, ин зан писар таваллуд кард, баъди ин писар боз сетои дигар писар таваллуд шуд, ки ҳамагӣ чор писар шуд. Баъд аз гузашти солҳо, оҳиста- оҳиста бо тақдири Илоҳӣ духтаронаш аз дунё гузаштаанд. Чаҳор духтар рафтанд, баъдан занаш ҳам вафот кард. Бечора марди пушаймон бо чаҳор писару я