Эй азизон, то ба кай мо тарки кишвар мекунем, То ба кай аз баҳри нафс тарки модар мекунем, Ин ҳама шаҳри урус обод шуд аз дасти мо, Ҳолу аҳволи Ватанро кай накутар мекунем?? Паҳлавонону ҷавонон зери мушти нокасон, Аз қабеҳ дашномҳо гуши худ кар мекунем, Духтуру омӯзгор, устои гулдаст то ба кай, Мардикори зери дасти ҳар сагу хар мекунем. Ҷон падарҷонам, ҷавобе бар суоли ман бигу, То ба кай аз сӯзиши дил дидаро тар мекунем. Ҳайфи ин умри ҷавонӣ, ҳайфи ишқу ошиқӣ, Ки ҷудоӣ аз нигору ёру дилбар мекунем!!!!!!!