Ҳама дунё зи дастат тор , терорист , Башар аз рӯйи ту безор , терорист. Саройи халқро беҳуда сӯзонӣ , Зи дудат ҷумла олам тор , терорист. Тани садҳо ҳазорон кӯдаку модар Зи тиру ханҷарат хуншор , терорист. На мазҳаб дориву на дину на миллат , Сари ту зеби ҳар як дор , терорист. Ниқоби дини Исломат агар бар рӯст , Мусалмон нестӣ , куффор , терорист. Магар аз ҷинси ҳайвонӣ, ки модарро Кушӣ бо тиру теғе зор , терорист. На инсонӣ , на ҳастӣ бандаи Раҳмон , Ту гӯё бачаи кафтор , терорист. Чунон афзудаӣ чун пашшаи хунхор , Ғизоят хуну ҳам мурдор , терорист. Чу ангушти шушуми дасти инсонӣ , Ғамат бар дӯши олам бор , террорист. Зи ту ҳаргиз наояд бӯйи инсонӣ , Ту қаллобию ҳам таррор , терорист. Ба м