Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
"сураи қадр"
ин сураи дар макка нозил шудааст.
بسم الله الرحمن الرحيم
баноми аллоҳи меҳрубон ва бениҳоят бораҳм.
ояти 1- Албатта мо фурӯд овардем Қуръонро дар шаби қадр (яъне яку якбора аз лавҳул маҳфуз ба осмони дунё).
✅тафсири ин оят: дар ин шаб нозил шуд қуръони карим дар моҳи рамазон ва раҳмат кард аллоҳ таъоло бо ин шаб бандаҳояшро бо раҳмати васеяш, ва бандаҳо қодир нестанд то ки шукри ин шабро ба ҷо биёранд.
ва номида шуд ин шаб бо лайлатул қадр - барои он ки ин шаб қадри бузург дорад дар назди аллоҳ таъоло ва бисёр бо фазл аст ин шаб.
ва дар ин шаб як сола тақдири бандаҳо навишта мешавад(ризқашон ва маргашон ва дигар чизҳо).