Зиндагони зӯр ояд, дидаат тар
мешавад,
Қалби ноороми ту берун зи бовар
мешавад.
Мешави ғарқи хаёли хеш дар паҳнои
ғам,
Ғусса бо мӯӣ сарат, гӯё баробар
мешавад.
Ин чи давронест,ҳарки заррае доро шавад,
Феълу рафтораш ба пеши дида дигар
мешавад.
Коҳ меёбад мақоми хешро дар
анҷуман,
Кӯҳ пасту зоғ боло аз кабӯтар
мешавад.
Фаҳши андар ишратасту ғунчаи шарму ҳаё,
Чун арӯси тозае бар зери чодар
мешавад.
Шеър мегӯи ба дарду сӯзу армони
дилат,
Хомаат маҳзуну ғамолуда дафтар
мешавад.
Менаёзори дилеро гарчи бо теғи
забон,
Бар дилат теғи забоне ҳамчу ханҷар
мешавад.
Бар касе садҳо дурӯғ гӯӣ бигӯяд
офарин,
Аз ҳақиқат лаб кушоӣ гӯши ӯ кар
мешавад.
Додарат бегона мегардад, агар
нодори ту,
Лек чун