Агар ба тақдироти Худованд имон наоварда бошед, ҳеҷ гоҳ асабҳои шумо хомӯш ва ором намешавад, васвоси дили шумо дур намегардад, ташвишҳои нафси шумо қарор намегирад. Пас метавон хулоса кард, ки он чи дар лавҳи ҷабин нзвишта шудааст, вомехӯриву халос, дигар чора ва ё раҳоие нест. Ҳеҷ гоҳ фикр накунед, деворе, ки қаблан афтида буд, шумо гӯё метавонистед, ки ӯро аз афтидан боздоред. Ҳеҷ гоҳ андеша накунед, ки оби рехтаро метавонистед қаблан манъ аз рехтан кунед, фикр накунед, ки шамолро аз вазидан нигоҳ дошта метавонед, ҳеҷ гоҳ гумон накунед, ки шишае, ки пештар шикастааст, метавонистед ӯро аз шикастан нигоҳ дошта бошед. Ва ин фикри нодурусти шумо боиси зарари ҷони шумо ва хастагии рӯҳи шумост.