Ваҳ чӣ хушо, хушхабаре, муждаи ноб омадааст,
Роғуни мо чарх занад, навбати тоб омадааст.
Шӯъла занад чу офтоб, хонаи тоҷикон хушо,
Гардиши чархи НОБ-и мо, ҳамраҳи об омадааст.
Сархушу мастона равад, қувваи барқи оби мо,
Об ба чархи оҳанин, масти шароб омадааст.
Шодӣ фузун шавад аз он, шаҳру диёри бандаро,
Мардуми кӯҳнишини ман, бо табу тоб омадааст.
Рӯшании ГЭС-и бузург, рӯшанибахши дил бувад,
Нури дурахшон чӣ хушо, бин ба шитоб омадааст.
Сими ҳавоӣ з-он макон, хона ба хона меравад,
Кӯҳ ба кӯҳу дашт ба дашт, баҳри савоб омадааст.
Шоми Ватан ба сӯбҳидам, даст ба дасти ҳамдигар,
То шаби тира бачаҳо, рӯ ба китоб омадааст.
Пиру ҷавони меҳанам, аз ғами торикӣ раҳад,
Равшании кӯлбаи мо, то