Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,
Дустонро шод гардон, душманонро кур кун.
Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз,
Бори дигар ғӯрахоро пухтаву ангур кун.
Офтобо, бори дигар боғро сарсабз кун.
Даштрову киштро пурҳуллаву пурҳур кун.
Офтобо, бори дигар сӯйи мағриб бозрав,
Ҷумлаи сайёраро бар ҳусни худ мағрур кун.
Ай рафиқи бедилону ай аниси хастагон,
Бедилонро чора созу марҳами ранҷур кун.
Ай табиби ошиқону ай чароғи осмон,
Ошиқонро даст гиру чораи ранҷур кун.
Инчунин рӯйи чу Маҳ дар зери абр инсоф нест,
Соате он абрро аз пеши он Маҳ дур кун.
Гар ҷаҳон пурнур хоҳӣ, даст аз рух боз дор,
В-ар ҷахон торик хоҳӣ, рӯйро мастур кун.
Шамси Табрезӣ, ниқоби кибриёро баркушо,
Ҷони муштоқони шамъи рӯйи