АҲМАД ЗОҲИР. ЯК ҲАРФИ НОГУФТА
Ҳамсари Аҳмад Зоҳир хонум Фахрия мегӯяд: «Ҳар рӯзи ҷумъа ба оромгоҳи шавҳарам мерафтам ва медидам, ки пиразане нишаставу даст ба дуо кушодааст. Давоми чанд ҳафта ин амал такрор меёфт. Назди пиразан рафта бо эҳтиром салом дода, пурсидам: - Модар шумо кӣ ҳастед, чаро ҳар ҷумъа маҳз ин ҷо дуохонӣ меоед? Пиразан гуфт: - Писарам дар беморхонаи Алиобод ҳоли вазнин дошт. Табибон гуфтанд, ки зуд хун биёрам. Рӯйхати доруву хунро ба даст гирифта, ба назди доруфурӯше омада гуфтам: - Зани фақираму писарам дар моварои маргу зиндагист. Метавонед, доруҳову хунро ба ман ройгон диҳед? Агар писарам ба по хест, худаш, вагарна худи ман пулашро бармегардонам. Доруфурӯш хандиду гуфт