Ганчина дар ин олами вайрона намоз аст,
Тавхид бувад бодаву паймона намоз аст.
Бе сачда ба даргохи худо рох натавонд ёфт,
Гар каъба равони дари он хона намоз аст.
Ин бори азимест,ки бар кух гарон аст,
Ин нур даруни дили у шод нихон аст.
fофил чу зитаъзими худои ту чи дони.
Як сачдаи огох бахои ду чахон аст,
Гар бар дили ту дарду fами ишки худо нест .
Ин салаву тасбехи ту чуз бахри риё нест.
Гар ашк зи чашми ту равон нест якин аст,
Ки андар дили сангини ту як зара сафо нест.
Бар хез,ки ин умри ту чун бод равон аст,
Бингар,ки ачал дар паи хар пиру чавон аст.
Бо гиря мусафо бикун оинаи дилро.
То кай хама даъвои ту аз руи забон аст !