Ошу нонат чун адо шуд, ошноят меравад, Аз наво чун бозмонди хамнавоят меравад. Мерави аз даст, чун дастат бимонад беамал, Поят аз рох боз монад, радди поят меравад. Доварии халкмизоне, надорад як мизоч, Як бади карди, тамоми некихоят меравад. Дори дуне мехурад, дору надоратро хама, Оху афсусу надомат аз кафоят меравад. Пешсаф боши, хазорон саф дар бози туянд, Чун зи саф берун биафтоди,сафоят меравад. Гар худои хеш боши, пуштбони ту Худост, Чун зи худ рафти, зи сар лутфи Худоят меравад.