Гулизори ба доми рашку макр фитода ба назди фолбини махаллаи Нагорний рафта зори кард, ки барои хунук шудани келину писарандараш ягон чоду кунад.Бехабар аз он, ки бар замми гуноххои кардааш гунох зам менамояд. Ин чодугар гуфт, ки бароям аз муйи харду нафар се тори гирифта биёр.Гулизор дар набудани келинаш ба утоки хоби онхо даромада аз болишти хоб мекардагиашон якчанд тори муй ёфт. Баъди торхои муйро ба чодугар бурдан ба у боз фармуд, ки 12 дона сузану ду дона риштаи канаби харида биёрад. Гулизор гуфтахои фолбинро дар як дам ичро карда ба замми ин барояш 100 доллар ширинкома дода зори кард:
-Апачон, илтимос ин тирончакро аз писарандарам чудо кунед.
-Мекунам, аммо ин пули додагиат кам аст.
-Ман боз медихам, агар Рустам аз занаш чудо шавад.
-Ту ин сузанхо ришта гузаронида бурда дар чор тарафи хонаашон ноайён ягон сурохиба пинхон кун.Ана, баъд худат мебини, ки чи хел ин ду кабутар аз якдигар дилхунук мешаванд.
-Майлаш.
Гулизор баъди ин аъмоли зишташро ба анчом расонидан дилаш мунтазири чангу чанчоли арусу Рустам буд. Кудаки шикамаш бошад руз ба руз калон шуда худро намоён мекард. Хар бор, ки Рустам ба шиками у бингарад, аз бевичдониву пушаймони дилаш об мешуд. Мехост, ки ба падараш асли гапро гуфта дилашро сабук кунад. Аммо наметавонист, чунки саломатии падараш он кадар хуб набуд. Ин хакикати талх метавонист, ки падарашро бе корд бикушад. Барои хамин Рустам ин рози талхро дар дил пинхон гашта ба касе чизе намегуфт. Гулизор боре ба шикамаш ишора карда гуфт:
-Рустамчон, рузхои наздик боз як тифл дар ин хона таввалуд мешавад ва шояд ба ту ё додарча ва ё хохарча бошад.
Рустам аз ин суханони захри мор ба газаб омада кариб, ки уро таги шаттаву шаллок бигирад. Вале кахри худро паст карда ба утоки худаш баромад ва дароз кашид дар бистараш. Хамсараш кам-кам пай бурд, ки байни шавхараш ва зани хусураш чи гапи пинхоне аст. Рустам аз падар хохиш кард, ки барояш дуои нек би дихад.
-Барои чи, писарам, ба кучое сафар дори?
-Падар, мехохам, ки барои кор ба шахр биравам. Агар дуои нек бидихи, пас аз пасандозат ба ман камее пул ёрдам кун, аз шахр як хонаги мехарам.
-Чи ин чо ба дилат зад?
-Не, аммо..
-Гуш кун, писарам. Ман вакти мурдани модарат ваъда дода будам, ки тамоми писаронамро дар хамин хавли зан дода то вакти маргам намегузорам, ки ба пойи онхо хоре халад. Ту писари кенчаи мани. Бе ту наметвонам. Маро партофта нарав.
-Охир падарчон, ман кори хубтар ёфтам.
-Не, гуфтам, ман хамчун падар дуоят намедихам.
Хамин тавр ин мавзуъ хомуш шуду Рустам ноилоч фикри кучиданро аз сар бадар кард. Вале руба ру шудан бо Гулизор барояш хеле мушкил буд. Чашми дидан надошт ин зани найрангбозро. Аз Худо дар дил зори мекард, ки ин тифли шиками у аз Рустам набошад.
-Кош кудак аз ман набошад.
Гулизор интизор буд, ки чодуи кардааш ба аруси нав кора мекунад, аммо хайхот, баръакс ишку мухаббати Рустаму занаш кавитар мегашт. Гулизор хар гох ки хандаву шухии ин ду нафарро бубинад, мисли саги каждумгазида ин тараф он тараф медавиду худро ба касали мезад. Шабе уро дарди зодан гирифту падар аз Рустам хохиш кард, к ибо мошинаш Гулизорро ба таввалудхона бубарад. Рустам ночору бо дили нохохам уро бо мошинаш ба суйи таввалудхонаи нохия бурд. Гулизор муддати ду руз дард кашид. Аммо ин дарди чонкох хеч аз танаш бадар намерафту тифл ба дунё намеомад. Гуё, ки тифл аз гунохи кардаи модар гирёну нолон аз шиками модар ба ин дунёи рушан омаданро гунох медонист. Духтурон аз шавхараш розиги гирифта уро хостанд, ки ба воситаи чаррохи тифлашро ба дунё биёранд. Вале, хангоми чаррохи гурдахояш аз кор монда Гулизор дар руйи кати чаррохи бо тифли зиндаи шикамаш бо ин олам падруд гуфт. Кудакро аз шиками модар гирифтанд, аммо баъди ду соат ин тифл хам аз дунё рафт. Падари Рустам барои зани чавону дустдораш менолиду менолид.Часади Гулизорро ба манзили хомушон бурданд. Аммо субхи дигар гурбон ба хонаи онхо омада гуфт, ки мурдаашон руйи замин хоб аст.
-Шояд ягон дандондузд часади уро аз гур гирифта партофта бошад.
-Не, хамсари ман ягон дандони тиллои надошт.
Боз часадро ба гур андохта аз болояш хок пошиданд. Вале, рузи дигар низ чунин ходиса ба амал омад. Тамоми ахли деха чамъ омада домулоимомро фарёд карда маслихат пурсиданд.
-Ман чизе гуфта наметавонам. Дар ин дунё тамоми кору амалхо факат бо фармони худованд барои инсон амали мешавад. Аз тачрибаи рузгор дидаам, ки одамони гунохашон хеле зиёдро замин баъди мурданашон набардоштааст. Ин занро ман надида гунахкор намегуям.Аммо гунохи кардаашро дар он дунё худаш чавоб медихад. Барои хамин биёед, хама баробар барояш дуо мехонем.
Ин навбат часадро гур карданду дигар ин ходиса руй надод. Рустам баъди ин вокеъа касаливу парешон гашта кариб ки аз пой монад. Вале дилаш токат накарда ба хамсараш боре дар бораи ишки ахриманиаш накл кард.
-Медони, Рустам, дарвокеъ ту гунахкори сахти, аммо ту гунохатро ба хуби медони ва сахт пушаймони, иншоааллох худо туро мебахшад-тасалло дод уро хамсари окилааш.
Падари Рустам дере нагузашта аз дарди сактаи дил вафот кард. Зиндаги бо маром идома дорад. Аммо дарду доги гунох дар дил Рустам калбаш ноором аст.
Шахлои Начмиддин
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1