Вакте, ки падари Рустам ба фикри зангири фитод, писаронаш хам уро тарафдори карда аз пайи тараддуди туйи у шуданд. Аммо танхо Рустам хануз намедонист, ки зани мегирифтагии у аз кучо аст.Рустам дар дил як рози нихон дошт. Ин сирро дар хонаводаашон ба гайри Худои тори сар ва худаш касе намедонист. Аммо хангоме, ки ёр-ёр кунон чавонзани 35 солаи дехаи Гулобиро ба хонаи онхо оварданд, чон аз дасту пойи Рустам гуё баромад. Охир дар пахлуи падари пирамарду солрафтааш чавонзани зеботарини дехаи Гулоби ва дустдоштаи у меистод. Рустам дар чояш карахт шуда монд. Араки сард аз рухсорахояш мерехт.
…Худоё, ин чи гунохе буд, ки ман содир кардам, худоё…
Падар бехабар аз ишки нихонии писари хурди Гулизорро ошики шайдо шуда хостгор фиристод буд. Гулизор, ки баркасд ин корро карда буд, аз шоди дар дил интикоми ширин мечуст.
-Ана, акнун, сагера аз рашк девона мешави. Гуфтамат, ки маро никох карда гир, не гуфти, сазои сарат. Мани нозанинро пахлуи падари пират дида девона мешави.Ман бошам аз касоси гирифтаам хурсанди хохам кард.
Гулизор бо Рустам дар туйи хамсинфаш шинос шуда буд. Рустам аз Гулизор дар синну сол 10 сол калонсолтар аст. Аммо ќадду ќомати мавзуну рухсорахои суп-сурхаш уро аз синну солаш хеле чавон нишон медихад. Хамсинфи Гулизор писарчаашро хатнатуй мекард. Шавхари у бошад амакбачаи Рустам аст. Рустам ба раксу ишваи Гулизор нигариста бо як дидан мафтунаш гардид. Хушу хаёлашро бо якбораги рабуд ин чавонзани абрупайваст. Гулизор нигоххои харисонаи уро дида дар дил накша кашид, ки ин чавонписари бойбачаро ба доми худ мекашад. Охир шавхараш болои у зани 18 сола гирифта гуфт, ки хохи хамин , нахохи сабр намо ба зани дуввум доштани ман,агар не, пас чор тарафат кибла. Он гах Гулизор бо зуриву чанчоли зиёд хонаи якхучрагии уро сохиб шуда гуфт,ки ба шарте, барои чудо шудан розиги медихам, ки хонаро ба номи ман куни. Шавхараш, ки ин хислати шаттохиву найрангхои уро медонист, ба ин шарташ рози шуда гуфт, ки тарбияи духтари ягонаашонро ба душаш бигирад. Гулизор рози шуд. Хамин тавр онхо аз хамдигар чудо шуданд. Аммо дар дили Гулизор як хати сиёх аз ин издивочи бебарор боки монда буд. Ба худ касам хурд, ки баркасди шавхарам манам шавхари аз худам дах сол хурд мегирам. Вакте, ки нигоххои Рустамро ба суйи худ дид, аз дугонааш пурсон шуд,ки ин чавонписари кадбаланди чашмсиёх кист?
-Ин писари хурдии Ботур-бой мебошад.
-Чаро Ботур-бой, магар кони тилло дорад?
-Шояд, чунки дар дехаи Хуррам танхо у сохиби хавлихои баландошёна ва молу густафанди зиёд мебошад.
-Охо, писари охирини бойбобо гуй.
Гулизор аз сайди ба пойи худ омада меболид.
-Хамин бачаро ба дом андохта ошики шайдояш мекунам ва у мачбур мешавад, ки маро зан кунад. Ана, баъд собик шавхарам аз пушаймони сухта-сухта мемурад.
Он шаб Гулизор ба Рустам чашмаки карда ишора кард, ки ба берун барояд.
Рустам хурсанд шуда ба берун баромад. Гулизор ба дасташ когази гичимеро дода гуфт:
-Баъд гап мезанем.
Рустам хис кард, ки ин ё нишони ва ё раками телефонии мобили аст.
Рустам худи хамон шаб дар бистари хобаш тоб хурда ба раками Гулизор занг зад.
-Ало, ассалом, ин ман.
-Шинохтам. Хуби
-Хубам, номи ман Рустам.
-Номи ман Гулизор
-Чандсолаи?
-Хашдахсола-баланд хандида гуфт Гулизор
Рустам худро гум карда хомуш монд.
-Ха, сагера, чаро хап карди?Ё аз ман тарсиди?
-Не, чаро тарсам, баръакс ошикат шудам.
-Бо як нигох?
-Бале.
-Пас, фардо ба нишонии гуфтагиам биё, аз наздик сухбат мекунем.
Фардояш Рустам ба хонаи Гулизор рафту то бегохи он чо монд.
Ошикии ахримании онхо аз хамон руз огоз гардид. Гулизор ошик набуд, накша мекашид, аммо чавони хануз занеро надида мафтуну шайдои у гашта буд. Гумон дошт, ки Рустам уро ба зани мегирад. Вакте, ки дар бораи издивочу хонадоршави сухан кард, Рустам шарм карда гуфт, ки «ду мох пештар бародарамро зан дода будем ва холо навбати ман нест, ба замми ин ту аз ман калонсоливу шавхар дидаи, ман бошам холо чодару чаманро надидаам»
-Пас, чаро рузона факат бо мани?
-Чунки ба ту сахт одат кардаам. Хаёлам, ки як соат набинамат, мемирам.
-Агар дустам дори, маро пеши мардум никох карда гир.
-Намешавад, падарам маро ок мекунад.
-Магар падарат худаш занашро бо ошики нагирифтааст?
-Намедонам, рахмати модарам хеч гох дар ин бора ба мо чизе накл накардааст?
-Магар модарат нест ?
-Не, ду сол пештар рехлат кард.
-Худо рахматаш кунад, маро бубахш, ман намедонистам.
-Хеч гап не.
-Падарат зангир нест?
-Хасту аммо ба табъи дилаш намеёбад.
Ин дам Гулизор аз дил гузаронид, ки «холо исто, агар ту маро нагири, падари пулдорат мани химчамиёнро мегирад».
Арус аз таги руймол бо кирраи чашм ба хешу табори шавхараш чашм духт. Чашмони у Рустамро чуё мешуданд. Рустам бошад ба утоки худаш фирор карда мисли кудак беист зор-зор мегирист. Ишку мухаббати ахримании ин зани шаттох барояш ин лахза аз тамоми боигарихои дунё арзиш дошт. Гумонаш, ки хозир бе корд мемирад.
Аруси чавон субхи дигар аз хобаш барвакт хеста чоруб ба даст ба хавлируби даромад. Аммо хамин вакт домоди чавондил ин кори уро дида давида омаду гуфт, ки «арус, мо хидматгор дорем, кани чорубро гузор, аз ин пас ту шохдухтари ин хонадони». Келини калонии муйсафед ин суханони уро шунида лаб бурма карду охиста ба шавхараш гуфт, ки «акнун дар ин хона мо мехмонем».
Рустам муддати се руз аз хоначаи худаш намебаромад. Дидани Гулизори пероставу хушбу барояш хеле мушкил буд. Пазмони мекашид барои дидани у. Аммо иродаашро ба даст гирифта аз хонааш намебаромад. Арус бошад баркасд хангоми хуроки шом дари утоки уро так-так карда мегуфт:
-Писарам Рустамчон, бароед, хуроки шом тайёр аст.
Ин суханони нешдори Гулизор калби ошики Рустамро реш-реш мекард.Аммо сабрашро аз даст намедоду хомуш мегуфт, ки сараш дард дораду баъдтар хурок мехурад.
-Писарам Рустамчон, бароед, хуроки шом тайёр аст.
Ин суханони нешдори Гулизор калби ошики Рустамро реш-реш мекард.Аммо сабрашро аз даст намедоду хомуш мегуфт, ки сараш дард дораду баъдтар хурок мехурад.
Вале Гулизор боз хам дари утоки Рустамро мезаду баркасдона мегуфт:
-Рустамчон, бароед, ман бо падаратон шуморо интизорем.
Рустам шабхо дар бистари танхои печу тоб хурда хобаш аз чашмонаш парида буд. Пеши чашмонаш факат мулокотхои махрамонааш бо Гулизор намоён буду халос.Аз ташнагии мухаббат кариб, ки сабр аз даст бидихаду ба бистари падари сармасти аруси чавон биравад.Вале аз Худо дар дил зори мекард, ки уро аз ин амали аблахона боз бидорад ва имонаш бидихад. То субх сураи ихлосро мехонд. Рузхо пайи хам мегузаштанду ишки сузони Рустам хеч хокистар намешуд.Баръакс соат ба соат ин ишк пурзуртар мегашт. Охир Гулизор пеши чашмонаш буд. Сари як дастархон нон мехурданд. Субхи солехон аз ошёнаи якум, ки падараш бо аруси нав он чо хоб мекард, садои ках-каха баланд мешуду рашк мисли мори захрдор гулуи Рустамро мефишурд. Рустам баъди зангирии падар ба чубу устухон табдил ёфта бо касе гап намезад. Гулизор духтарчаашро ба модараш дода худ ба шавхар баромада дигар ёди он чигарбандашро намекард. Падари солхурдаи Рустам акнун ба худ ахамият медодаги шуда муйсари сапедашро рафта дар кошонаи хусн ранги сиёх кард. Риши дарозашро тарошид. Костюму шимми сиёхи шахи мепушид. Ба худ атрии гаронбахо мезад. Гулизор бошад бешармона пеши Рустам шавхарашро ба огуш кашида мегуфт, ки «дар ту мурам мардакчон».
Бародари калониаш ахволи додари кенчаро дида ба хулосае омад, ки уро зудтар зан диханд. Масъалаи зангирии Рустам ба миён омаду Гулизор асаби шуда дигар бо шавхар мехрубон набуд. У аслан дар дил дигар накша дошт. Мехост, ки рашки Рустамро биёраду у окибат аз дустдории зиёд ба забон омада гуяд, ки аз падарам баро, ман туро ба зани кабул мекунам. Аммо ин тавр ранг гирифтани масъала уро аз худ бехуд карду боз аз пайи дарёфти накшаи шайтонии худ шуд.Рузе дар набудани ахли хонавода ба хучраи Рустам, ки аз кор барвакт омада хоб буд, даромада гуфт, ки «сарам дард дорад».Рустам уро дар утоки худаш дида кариб, ки аз тарс талхакаф шавад.
-Баро аз утоки ман, баро, хозир падарам расида меояду ахволи ману туро бад мекунад.
-Чаро метарси, ки ишкат ошкор мешавад. Магар намедони, ки чунин вокеахо дар зиндаги бисёр руй додаст. Мисол, хамон хофизаи машхур Заринаро намедони?У бо марди сарватманде ошнои пайдо мекунаду ин мард аз оиладоршави аз ин зан даст мекашад. Ин Заринаи хофиза баркасди у касам мехурад, ки «ту маро нагирифти, акнун мебини, ки чи тавр писаратро ошикам карда ба у шавхар мекунам».
-Ман чунин вокеъахоро шунидан намехохам. Акли маро тира накун.
-Ман хозир аз дарди сар мемирам-ин лахза Гулизор бо ишваи зебо худро болои бистари Рустам партофту хандаи ширине кард. Ин хандаву ишва кайхо Рустамро мутеъи худ карда буд. Рустами пазмони мухаббати Гулизор якбора иродаашро аз даст дода аз кокулони хушбуйи Гулизор дошта уро ба огуш кашид. Он руз онхо боз гунохи азим содир карданд. Рустам шаб ба хона наомад. Аз азоби вичдон намедонист, ки сарашро ба кучо занад. Ба хонаи писари холааш рафта хоб кард. Бародари калони эхсос мекард, ки додари кенчааш чи сири пинхоне дорад. Аммо дар сухбати танхо ба танхо Рустам хеч икрор намешуд, ки чи розе дорад.Бародари калони бо падар маслихат карда ба хонаи як шиноси хубашон барои хохараш, ки духтари сохибмаълумот буд, ба хостгори рафтанд. Акси духтарро ба Рустам нишон доданд. Рустам як нигох карду гуфт:
-Барои ман фарке надорад. Духтари хуб бошад, шуд.
Ин дам Гулизор , ки бо падараш дар мехмонхона менишастанд, тамасхуромез гуфт:
-Охир агар мард дуст надорад, бенихоят мушки ласт.
Падар хам гапи хамсарашро тасдик карда кала чунбонд.
Рустам чизе нагуфт. Бародари калони чавоб дод:
-Хеч гап не, бо мурури замон баъди тавлиди фарзанд занашро дуст хохад дошт.
Гулизор ба дил мегуфт, ки «ту факат азони мани ва ягон зани дунё хукук надорад, ки туро аз ман чудо кунад».
Рузи туй хам фаро расид. Рустами бозубаланди ситорагарм бо либоси навшахи ба назар хеле зебанда буду хар як бинанда мехост, ки бори дигар уро бубинад. Гулизор ин дам аз рашк месухту аммо сирашро бой намедод. Пайти мувофик ёфта дар танхои ба Рустам гуфт:
-Ту агар дах зан гири, факат маро дуст медори.
-Бас аст, ба худ ой. Ман туро фаромуш кардаам.
-Фаромуш карда наметавони, ман махз аз ту хомила шудаам. Инро фаромуш накун. Падари содаат фикр мекунад, ки кудак аз у аст. Аммо, афсус, хануз намедонад, ки писари дустдоштааш хиёнат кардааст.
Рустами домод аз шунидани ин хакикати талхи ахримани кариб ки гулуи Гулизорро дошта буги карда кушад. Акнун хис кард, ки ба чи иштибохи бузурге рох додаст. Он ишк дар як сония ба нафрату пушаймони табдил ёфт. Боре бобояш хангоми зинда буданаш чунин накл карда буд:
«Марди савдогаре дар бозор ногахон духтари паричехраеро мебинад, ки суяш чашмаки дорад. Мард инони ихтиёр аз даст дода, аз паси ин паричехра меравад. Духтар ба рохаш рафтан мегирад ва ишора мекунад, ки савдогар аз пасаш омадан гирад. Савдогар рафтан мегирад. Ногахон паричехра ба тарафи кабристон рахсипор мегардад. Савдогар аввал мехаросад, аммо баъд боз иродаашро аз даст дода рафтан мегирад. Паричехра ба як кабри холи даромада панах мешавад. Савдогар ба назди кабр омада хам мешавад ва як пиразани бадруйи якчашмаро мебинад, ки ру ба тарафи кибла нишаста намози асрро хонда истодааст. Аз пиразани якчашма пурсон мешавад, ки он паричехра кучо шуд?
-Манам он паричехра, ки дар асл дунё хастам. Фаромуш накун, ки паричехраи дидагиат чизе нест ба гайр аз гурии торик».
Ин суханони бобояш пеши руяш омаданду Рустам охи сарде кашида гуфт:
-Даф шав, аз пешам. Туро дигар дидан намехохам.
-Ман хаминчоям ва барои падари ту аз хамаи шумо ширинтарам.
Аруси зеборо ба хонаи домод оварданд. Шаби висол Гулизор хобро фаромуш карда худро ба бемори зад. Пирамарди ошик «ох ин аруси чавони ман хомила шудаасту холаш бад аст» гуён уро ба беморхонаи нохия бурд. Дар беморхона гуфтанд, ки кудак ду моха асту ягон хатар ба модару тифл тахдид намекунад. Пирамард аз шоди кариб, ки дилкаф шавад.Аруси давраи пириаш барояш мисли тилло менамуд. Субхи солехон Гулизор дари утоки домоду арусро так-так карда бо кахр гуфт:
-Келин, кани хезед, мехмони тамом шуд.
Аруси окила Ноз давида аз чогахаш бархесту баъди аз хамом баромадан худро ороставу пероста карда ба назди Гулизор омада боадабона салом дода гуфт:
-Субхатон ба хайр бод.
-Нав ба ёдат. Офтом ним шудааст-ку. Аз ин пас ту келини мани. Чизе, ки гуям барои ту конун аст, фахмиди?
-Фахмидам.
-Рав дар ошхона бо хидматгорхо субхона тайёр кун.
Рустам ин тарз рафтор кардани Гулизорро дида ба хашм омада гуфт:
-Янга, ба зани ман кордор нашавед, айни замон холо мо мохи асал дорем.
-Ман янга?-кариб, ки дод зада гуфт Гулизор
-Аз кай боз?
-Хайр, моиндар-бо истехзо гуфт Рустам ва дасти арусашро кашида ба хона даровард.
Гулизор аз рашку хасад намедонист, ки кахрашро чи тавр паст кунад. Ба шавхараш ки ин дам аз сари чойнамоз бармехест, дод зада гуфт:
-Ин тирончак, келини нави хонавода алла кай нагмахояшро сар кардааст.
-Боз чи шуд?
-Ина бинед, писари кенчаатон маро моиндар гуфта масхара дорад. Ман хомилаам ва асаби шуданам хеч мумкин нест.
-Хайр хафа нашав, арус, ман бо онхо гап мезанам.
Зани Рустам ки хеле духтари донову рамузфахм буд, дарк кард, ки таги коса нимкосаест. Аз шавхараш пурсон шуд,ки байни уву зани падараш чи рози пинхоне вучуд дорад.
-Наметавонам. Дар ин бора чизе гуфта. Маро фахм, агар ин даъфа ин суолро дихи, сахт хафа мешавам.
-Майлаш, ман сабр мекунам, то худат ба ман дар ин бора чизе бигуйи.
Аз байн се мох гузашту аруси навро ба хонаи падараш мувофики таомул ба хафта бурданд. Гулизори ба доми рашку макр фитода ба назди фолбини махаллаи Нагорний рафта зори кард, ки барои хунук шудани келину писарандараш ягон чоду кунад.Бехабар аз он, ки бар замми гуноххои кардааш гунох зам менамояд. Ин чодугар гуфт, ки бароям аз муйи харду нафар се тори гирифта биёр.(идома дорад)
Шахлои Начмиддин
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3