Ассалому алайкум дустони дар гурӯҳ қарор дошта аз даҳаи охири моҳи шарифи рамазон то имрӯз дар маҳаллаи ҚАРИЯИ МИРШИКОР мардум аз набудани оби нушоки азият мекашанд. Ҳамарӯза аз соати 7.00 субҳ то соати 22.00 шаб обро ба мардум намедиҳанд. Маҳалла хело калон аст дар ҳар як хоҷаги чор панҷ оила зиндаги мекунад дар ҳоле,ки аз мардум се моҳ пешпардохт сӯми обро мегиранд. Мегӯянд дар поёни маҳалла барои гузаронидани об ба бинои нави баландошёна обро маън мекунанд ба мардум намедиҳанд дар ҳоле,ки ин бино давлати нест хусуси аст. Наход ба ин андоза хунукназари ва бетаваҷҷуҳи кунанд нисбати мардум масъулини соҳаи обу корезии ш Душанбе ба куҷо нигоҳ мекунанд. Дар даромадгоҳи маҳалла аз тарафи дарёи Душанбека трансформатор ҷойгир аст турбаи об кафидаги об меравад аз зери трансформатор як ду метр дуртар боз дар байни роҳ турбаи об кафидаги об меравад ҳар рӯз садҳо сокини маҳала аз ин роҳ мегузарад як ҳолати хатарнок мумкин аст ягон ҳодисаи нохуш рӯй диҳад ба барқи н Сино ва вадаканал муроҷиат кардем касе ба додамон нарасид. Партовгоҳам дар як ҳолати бади санитари қарор дорад бо фарорасии фасли гармо бемориҳои сироятии зиёд мегардад дар ҳоле,ки маҳалла дар маркази пойтахт қарор дорад масъулин чашмпуши мекунанд илтимос масъулин ин камбудиҳоро бартараф кунед шумо аз пушти халқ обу нон мехӯред бояд сари вақт бартараф созед камбудиҳои мардумро.
Бо эҳтиром сокинони маҳаллаи
ҚАРИЯИ МИРШИКОР КУЧАИ ЛЕРМОНТОВ хиёбони Саъдии Шерозӣ ноҳияи Сино 1.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев