Аммо духтарон, ки худ офарандаи муҳаббатанд, баръакс ба пушту паноҳ ниёзманданд ва аз ин лиҳоз ба падар бештар дил мебанданд. Ман бо таҷриба аз зиндагии хеш куллан ба ин фикр мувофиқам! Ҳарчанд бароям ҷойгоҳи ин ду қиблагоҳ якест, лекин дар бисёр мавридҳо падар бароям муҳофиз, кӯҳи давлат, сояи сар ва пушту паноҳанд. Ҳоло, ки сини падарҷонам ба 80 расидаву чанде пеш солгарди зебояшонро қайд гирифтем, ман ҳанӯз ҳам дар пешорӯи ин инсони бароям гаронарзиш худро духтари ноздонаву эркачаи падар меҳисобам. Падари заҳматкаши ман, ки бо обилаи дасти худ ва бо нони ҳалол ҳар яки мо фарзандонро ба камол расонидаанд, боре нашудааст, ки шикояте ба лаб аз зиндагии пурмашаққати хеш карда бошанд. Ифтихорманди онам, ки ҳам падар ва ҳам модарам умри худро сарфи омӯзгорӣ кардаву имрӯзҳо садҳо шогирдонашон аз онҳо бо некӣ ёд меоранд. Ва дар ҳар куҷое бо шунидани номашон шодиҳоям меафзояд. Модарам, ки мебоист, имруз ҳамқаноти падарҷонам будаву давлатӣ пирӣ меронданд, бармаҳал моро тарк карданд. Бо ин ҳама қисмат падарҷонам кӯҳи ғамро ба сина ниҳон кардаву мушкилиро пазируфтанд, лекин нахостанд модарандаре ҷойгузини модари мо бошад! Худ сӯхтанд, аммо моро нақши ҳам падар ва ҳам модар доштанд! Пеши қисмат тадбире нест, ҷуз дуъову сиришки сӯзон ба замми андӯҳи беҳамсариашон писар, лахти ҷигарашон ҳам рахт аз дунёи фонӣ баст. Ғами марги бародар, ки ҳар яки мо фарзандони падарро месӯзаду қалбҳои моро дар фироқаш пора кардааст, фақат порашуданҳои дилу ҷигари падарҷонамро Холиқи ғайбдону ҳозир медонад. Чиҳо аз ин дили саршори кулфат мегузарад, шояд таҳаммулашро танҳо мардони боматонат медонанд. Ногуфтаҳо аз хотираҳои умр он қадар зиёданд, ки имшаб ва шабҳои дигар ҳам камӣ мекунанд,то рӯи коғаз биёварам.
Қазои рӯзгор, сарнавишти моро мисли дигарон ба ин мулки ошно ва дар як баробар ҳам бегона овард ва солҳост,ки иқомати хешро дар ин мулк ихтиёр кардаем.Тайи ин солҳо ҳар гаҳе ба Ватан меравам, ҳушу хаёл ва дилбандиҳоям ҳама дидори падарҷонам аст. Ба меҳри ӯ, силаи кафи дастони шахшӯлаш, нигоҳҳои орифонааш ва бӯи канораш ҳеҷ ганҷи дунё назир шуда наметавонад! Шоҳсутуни зиндагиам падарҷон!
Ҳар боре ба дидори мо мебиёӣ, бо худ бӯйи Ватан, бӯйи хонаҳои бачагӣ ва ёди ёру диёр меоварӣ! То он замоне, ки меҳмони хонаи мусофиронаи мо мегардӣ ту бароям ҳам Ватан ва ҳам меҳрбахши Ватанӣ!
Вале ...
Ин бор омада рафтанат ба ин хонаи мусофиронаи ман аз дигар сафарҳоят дар назарам тафовут дорад. Ин маротиб ҷигарам аз рафтанат кабобтар ва дилам ба ёди чеҳраи нурониат таҳ мезанад! Падарҷон, шояд дигар ман он духтари ноздонаи ҳавлиат нестам ва аз гузашти умр дар ин мулки ғарибӣ аз дидорат руз аз рӯз бештару бештар ташна мешавам. Дарди ҷудоият сахттар ва фироқу роҳи дури манзилат маро аз порина афзунтар азият медиҳад. Умре дар пешорӯят қарздорам ва ҳеҷ як заҳмати туро ҷуброн карда наметавонам, ҷон Падарҷон!
Ту ки имрӯз ба Ватан парвоз дорӣ, танҳоиро боз ҳамканора мешаваму беҳисоб дилам бароят гум мезанад! Роҳи сафеду бо некӣ расидан ба хонаю дар насибат бошад, Падарҷон! Кафи дуъо ба сӯйи Офаридгори замину само бардоштаву умри бардавом ва сиҳатмандии ҳамешагиатро дар талабам! Кош ва эй кош деру дур бо мо бошӣ, қуввати дилам, қиблагоҳам! Эй ки худ сӯхтаву чароғи роҳи мо гаштӣ, эй ки бо сад дардҳои ниҳон мӯҷиби бахту толеъи баланди мо гаштӣ. Худои кариму раҳим ёварат бод, эй ки нури дидагонатро талаф додаву нурбахши ҳаёти моӣ! Худо ҳофиз ва то дидори ояндаат туро интизорам, Падарҷон!
Бо ҳазор ихлосу муҳаббат, духтари ту Гул...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 15
Саломат бошед!
Худо аз Шумо розӣ бошад
Умедворам ба манзилашон сиҳат саломат расидаанд
Ташаккур хохари азиз!