Предыдущая публикация
Розҳо бар гӯши ҷонат, модарам, ногуфтаанд.
Омадӣ бар хобаму ҳарфе нагуфтӣ баҳри ман
Чашҳоям бе ту дигар солҳо нохуфтааанд.
Доғҳои лолаи ғам дар хиёбони дилам,
Ҳар зимистону хазон бишкуфтаанд, бишкуфтаанд.
Рӯи санги зиндагӣ ҳарфу ҳиҷову ҷумлаам
Орӣ аз рангу парешону чунин носуфтаанд.
Шаб равам хотиразоре об резам аз ду чашм
Рӯзҳоям тирагуну хотирам ошуфтаанд.
Оҳ модар, бин, парастуҳои танҳомондаро
Бол афшониву гоҳе зистан омӯхтаанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1