ЯК РУЗИ БОРОНИ
( кисса)
Борон мисли дируза сахт меборид.Аз тиреза ба шохрохи мошингузар нигох карда ба андеша рафтам:
- Ба ин табиати афсункор чи шуда бошад? Имруз пагох мохи аввали тобистон медарояду хеч не ки мо аз бориши бемахали борон халос шавем.Чую захбурхо хама пури об.Ба хамин андешахо банд будам, ки хамсарам дар болои сар камзулчаи сиёхаш ба хона даромад.
- Мардак, хамин заил мешини дар хона, хез як берун баро, чуи назди хавли обаш зиёд шуда аз турба баромадаст, ба хатаки гашничу укробам мезанад.Ман дилу бедилон аз хона баромада, ба чустучуи бел рафтам.
Оби чуибори назди хавли дар хакикат бисёр омада хасу хаспорахои худро дар трубаи оббаро махкам кардаст. Чанд дакика андармони тозакунии чуи шуда, шип- шилта шуда ба хона даромадам.
- Мардак, мегум имсол тобистон намешавад,- сару либоси тари маро дида гуфт занак.
- Кори Худованд худаш, ту аз кучо медони?- куртаи таршудаамро аз танам кашида гуфтам ба очаи кудакхо
- Соли гузашта дар мохи маи аз шиддати гарми дар таги кондисанер менишастем, хозир чи, берун хунук, хона хунук,- бо худ гур- гур мекард занак.
Андешахои очаи кудакхо аз як чихат дуруст аст. Соли гузашта бегохихо болои кати хавли нишаста, дар хавои салкини шабона шом мехурдем. Чирчиракхо то як поси шаб суруд мехонданд. Холо чирчиракхо он тараф истад, ягон парранда аз хавои борони дар шохи дарахтони хавлибог наменамоянд.
Кисми дуюми руз абрхои пурдахшати сиёх дар осмон паидо шуда раъду барк ба амал омад.Аз садои пурдахшати он кудакон тарсида аз хоб бедор шуданд.
- Дада, чаро тандуру чарогак дар осмон мезанад?- пурсид бачаи панчсолаам Бехруз.
- Вакте абрхо бо хам бармехуранд, хамин хел ходисаи осмони ба амал меояд,- фахмондам ба Бехруз.
- Рост аст инсонро дарёб кунад мекушад,- аз накли ман шавкманд шуда пурсид духтарам Раихона
- Чараёни таъсири раъду барк садхо маротиба зиёдтар аз кувваи барк аст,- гуфтам ба Раихона. Барои хамин дар чунин хавои номусоид аз хона ба берун баромадан мумкин нест.
Кудакон хеле кунчков хастанд.Онхо хама чизро донистан мехоханд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Як лахзаи зиндагиро ба ëд овардан ва ба руи когаз навиштан ин нишонаи шукр гузори аз зиндагии пуробуранг аст.