Хотирахои дури ширин
Ман вакте 5 сола будам,шодравон тагои хурдиам Аьзамчон Аминчонов (он солхо дар поликрафкомбинати шахри Душанбе фаьолият дошт) рузи зодрузам як китоби хачмаш калон бо номи Афсонахои Заррин (Андерсен муаллифаш )бароям хадья кард.Он вакт ман харфхоро хануз намешинохтам.Аз падарчонам (равонаш шод бод)зори мекардам,ки ин афсонахоро якта якта ба ман хонда дихад.Рузе падарам ки ба кор мешитофт,гуфт ки духтарам бие бехтараш бегохи ман ба ту алифборо меомузам,худат баьд бемалол китоби афсонахоро мехони.
Ура гуфтам аз хурсанди ва падарамро буса кардам.Бегохи баьди хуроки шом,падарчонам ба ман харфхои Алифборо шинос кард.Мудддати як хафта ман соатхо харфхоро бо харфхо чанг меандохтам ва хохиши зудтар хондани ин афсонахоро доштам.
Хуллас дар муддати хеле кутох ман худам китобхои афсонаро мехондам бе кумаки модару падар(равонашон шод бод ).
Афсонахои заррин аз руси ба забони точики тарчума гардида буд.Хар як афсонаро панчбори мехондам,азед мекардам,ба духтарони хамсоя,ки дугонахоям буданд,накл мекардам.Як афсонааш ба хотирам омад,клауси бой ва клауси камбагал ном дошт ба фикрам.Дар бораи ду бародар буд,яке камбагалу дигари бой.Сужа шабохат ба кинои хиндии Алибобо ва 40 рохзан шабохат дошт.
Ман аз хамон вакт сар карда мухлиси китобхони будам,ду китобхонаи дехахои Тангаии поин ва Тангаии болоро хар ду руз пас хабар гирифта китоб мегирифтам.Ачаб солхои ширин буданд,хама зинда саломат.
Лаззати эстетикии китоб тамоман дигар аст.Як чахон маьни медихад ба одам.Китоби аввалини мутолиа кардаам Афсонахои Заррин буд.Китобе ,ки холо мутолиа дорам (такроран)Духтаре,ки чустучуяш мекунами (Юсуфчон Акобиров) мебошад.
Китоби аввалини мутолиа кардаи шумо кадом буд ва холо кай китоб ба даст гирифтед ?
Шахлои Начмиддин 🌹🌹🌹🌹🌹🌹
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 8