Зиед бо нафарони шинохта мусохиб шудаам.Одам ганимат аст.
(Хотира аз архив)
Тасодуфан аз шиносе фиттаи хунарманди шинохта, шодравон Боймухаммад Ниёзовро дарёфтам. Садои маргуладораш охиста-охиста садо доду хаёлоти маро ба он сухбати хотирниши бурд. Такрибан 21 сол пештар ман сафари хидмати ба шахри Хучанд доштам ва хамон вакт фурсатро ганимат дониста бо ин марди хунару истеъдоди беназир дошта сухбат карда будам. Солхо гузаштанд. У хам рафт аз байни мо…
Аммо одамоне хастанд ки як сухбаташон кофист, ки уро тамоми умр бо неки ёд куни. Хамин тавр не?
Бойгонии суратхояро кофтам. Акси якчоя гирифтаамонро бо шодравон Боймухаммад Ниёзов афсус наёфтам.
Ба ёд омаданд суханхои вопасини устоди санъати волои Шашмаком.
Он руз ман устодро дар утоки кориашон дарёфтам. Худро муариффи карда хохиш кардам ки бо у сухбати бепардае доири санъату зиндагиашон дошта бошам. Устод ки хеле хушзавку зарофатгу буданд, шухиомез гуфтанд:
-Ин кадар журналисти хираро якум бор мебинам. Майлаш, мачбурам ки ба янгаат занг занам, якто кабоб пазад, бегохи туро даъват кунам.
-Не устод, ташвиш накашед..
-Гапро бисер накун, духтарам.
Хамин тавр сухбати мо бо устод дар махфили хонаводаги бегохи сурат гирифт.
Он вакт он кас дар ансамбли давлатии шашмакомхонии Нури Хучанд фаъолият дошта хамзамон ба донишчуёни Донишгохи давлатии Хучанд дарс медоданд.
Фазои хонаи устод дили касро кушода мекард. Хамсарашон ки ба назар хеле чавон менамуданд, моро бо самимияти хоссаи точикона пешвоз гирифтанд.
Ман чойро нушида сухбатро ноайён огоз кардам:
-Устод, Душанберо ёд намекунед?
-Чаро ёд намекардаам. Охир солхои бехтарини умрам дар он чо гузаштааст. Вале афсус ки пир шудему ташвиш хам зиёд шуд. Дигар кувату мадори пешинаам намондааст. Ба хонаи Радио ба кор даъват карданд, нарафтам. Чунки барои ба ошёнахои баланд баромадан душвори мекашам. Боз лифтхои хозиразамонро кафолаташ нест.
-Холо хам мошин меронед. Имруз дидаму дар хайрат мондам..
-Чи ман пирми? у хуб хандиду гуфт:
-Бе мошин наметавонам. Вале чашмонам хира шудаги. Бегохихо писарамро хамрох мегирам. Аломати пири-да
Аммо ачибаш хамин ки баркасд гоххо харакати рохро вайрон кунам хам. кормандони БДА маро боздошт намекунанд.
-О ман пир мегуеду зани чавон доред ку(ман хам ба зарофатгуи огоз кардам)
-Ха…аллакай журналист буданат маълум шуд..(у боз кахках хандид)
Хамсари зебоям муаллима шуда кор мекунад. Ба зиндагии оилавиамон ду сол пур шуд. Бисёр хам зани мехрубон. Пешаш таъриф накунам, ки боз аз худ равад…
-Пас..шумо хам ба катори мардхои дузана дохил ми?
-Э нее..худо нигах дорад. Ман тамоман ба дузанаги зидам. Чунки кабутари дубома окибат надорад. Хамсари аввалаам аз рашки зиёд маро девона кард. Худаш касали шуду окибат чудо шудем. Такдир..Хамсари дуввумам бошад аз бемории бармахал ногахони фавтид.
Хайр, савумашро худат диди..
-Инаш рашк намекунад?
-Агар хафтааш кати ба хона наоям, рашке надорад. Вале хавотир мешавад…
-Шунидам ки шумо тамоми хунархоро доред?
-Оре..дар вакташ барои чархи зиндагиро ба пеш бурдан хама хунархоро ёд гирифта будам. Аз тракторчи то дигару дигар. Дехкони, дар осиёб, почта, театр кор кардаам. Аммо як лахза хам аз тори бобои дур намешудам.
-Яъне чи хел?
-Хангоми дар замин ба хайси тракторчи кор карданам вакте ки керосин тамом мешуд, дуторо гирифта байни замин хам менавохтаму хам суруд мехондам. Дар як лахза колхозчихо чамъ омада раксу бози мекарданд.Ё дар почта хам вакти холиги суруд мехондам.
Дар почта русдухтархо кор мекарданд. Мувофики хохишашон суруди Катюшаро месурадам.
Дар театр бошад хам накш меофаридаму хам барои тамошобинон Ушшок мехондам.
-Ба замми ин варзишгари номи хам будаед?
-Дар чандин мусобикахои варзиши иштирок намуда сохиби нишону грамотахои фахри шудаам. Солаш ку дар хотирам намондааст, вале хангоми дар шахри Маскав ширкат варзидан дар олимпиада худи Сталин ба мо медалхоро супорида буданд, хеч аз ёдам намеравад.
-Ба хар хол , чаро шумо хама хунархоро як су гузошта рохи санъатро гирифтед?
-Чунки рагу пайвандам гуё бо суруру мусики пайванд аст. Бе созу наво наметавонам.
-Ин истеъдоди шумо авлоди аст?
-Оре, бобокалонам хофизи номдори шинохта буданд. Падарам хар бегохи дуторашонро гирифта макомхони мекарданд. Модарам бошад бибиотун буданд.Худо рахматашон кунад. Соле пештар дар синни 104 солаги моро тарк карданд.
-Нахустин суруди шумо?
-Нухсола будам. Худам аллакай оханг офарида дар туйю маъракахои мардум сурудхони мекардам. Суруди нахустинам «То ба кай » ном дошта, аз ашъори Камоли Хучанди аст. То холо онро мехонам.
-Устод, шумо хануз дар синни кудаки услуби Шашмакомро интихоб намуда будед, аммо имрузхо чавонон бештар ба созу услубхои дигар майл мекунанд…
-Шояд имруз дискотекаву року дигару дигараш таъсир кардагист. Чунки илму техника пеш рафта истодааст. Албатта санъат хам навовари мехохад. Вале бовари дорам, ки бо рафтани синну сол санъати асилро эхсос мекунанду боз ба мусикии ачдоди майл менамоянд
-Таасурот аз сафархоятон ба дигар давлатхо?
-Хаёлам ки дар тамоми чахон чун мамлакати худамон чойи ободу мардумаш мехмондуст нест. Вактхои охир ман аз сафархои хунари ихтиёран даст мекашидам. Чунки боре дар давлати Афгонистон аз хамрохонамон як хунарманди озорбойчониро шахсони номаълум дуздида бурданду бо хамин бедарак шуд. У ба магоза даромаду дигар уро надидем…
Барои хамин дилам сард гашт аз хоричрави.
-Махфили хонаводагиатон ба ман писанд омад..
-Хар хафта як бор писарону шогирдонам дар хона чамъ меоянду хама сурудхони мекунем. Ин махфили мо ширу шакар аст. Охир одам ганимат аст..
Аз муаллиф
Инак он сухбат ба хотирам омаду барои шумо хонандагони азиз онро аз нав ёдовари намудам. Шодравон Боймухаммад Ниёзов беш аз 253 суруду охангхои Шашмакомро аз ёд медонистанд..
Имруз дар санъат шогирдони зиёде боки аз худ гузоштаанд устоди Шашмаком.
Набераи он кас Тахмина Ниёзова аллакай дар тамоми чахон маъруф гашта сабку услуби сурудхониаш аз баъзе хунармандон ба кулли фарк мекунад. Падидаи навест дар олами санъат Тахмина…
Шахлои Начмиддин журналист
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3