Соле,ки дар ватан байни сарояндахо Манижаи Давлат машхур буд,ин лахзаи хотира аз он сол аст.Ман он солхо дар телевизиони Пойтахт кор мекардам.Манижаро аслан намешинохтам,вале як суруде, ки дар гушаи боми ту будам,ном дошт ва мардум хурду калон замзама мекарданд,барояш ошно буд.
Дар ин навор Манижаи боистеьдод бо Сирочиддини Фозил(сарояндаи муваффак)хамовози мекард.
Бо либоси милли,бо чехраи зебову муйхои чингилааш ин духтараки овозхон якбора ба дили хурду калон чой гирифта буд.
Як хохархонди ачоибу хоксоре доштам бо исми Гугуш *равонаш шод бод*😭😭😭,у мухлиси ашаддии Манижаи Давлат ба шумор мерафт.
Як руз Гугуш ба чойи корам омаду илтимос кард,ки бо Манижа вохурему ман мусохиба гирифта дар хафтаномаи машхури он солхо Чархи гардун нашр кунам.Гуфтам ман охир сурогаи уро намедонам.Гугуши рахмати гуфт,ки апачон,ман аллакай тавассути телефон бо у шинос шудам,нишонии хонаашро медонам,биё меравем.
Рости,ман бо дили нохохам бо у ба хонаи Манижаи Давлат рафтем,Аввал шубха кардам,ки шояд ин сароянда хеле магрур бошад,вале баьди ба хонаи онхо,ки дар махаллаи 33 буд (хонаи апаи Манижа,Рухшона ном дошт ба фикрам )рафтем.
Рости Манижа аз пеш хам хеле зебо буд. Бо самимият пурсупос карда моро ба хона даьват намуд,он шаб бо Гугуш дар хонаи апаи Манижа хобидем.
Хеле сухбати самими доштем,мусохиба бидуни расмият анчом ефт.
Хуллас рузи дигар мусохибаро бо Манижаи Давлат анчом дода ба назди сармухаррири Чархи Гардун ,шодравон Акбар Саттор бурдам. Шодравон зуд супориш дод,ки мусохиба бо аксхои зебои Манижаи Давлат нашр бигардад.
Гугуши рахмати вакте мусохибаро дид,аз хурсанди маро ба огуш кашид.
Он чунон Манижаро дуст медошт,ки вакти хонаи Худо сафар карданаш факат барои Манижаи Давлат дуо мекард, ки умри дароз бинад.
Гугуши рахмати баьди ба шавхар баромадан ханузам мухлиси Манижа буд.Рузе хангоми аз рох гузаштан мошини сабукраве уро зер мекунаду ба халокат мерасад.
Гугуш гурамарг мешавад .
Шабе дар хонаи ман буду хобаш тамоман набурд,гуфтам чи шуд,чаро фикр дори ?
Гуфт:
-Апаи Шахлочон,фикрам дар Манижа аст.
Худо накунаду у чавон бимирад,даруни кабр чашмони зебои уро магар кирмхо мехуранд,кош пеш аз Манижаи Давлат ман бимирам.
Ман сахт чангаш карда будам он шаб.
Армони рафт Гугуши азиз.
Орзухояш дар дил.
Равонаш шод бод.
Манижаи азиз агар ин навиштаи маро бихони,шояд ба хотират биёяд ин мухлиси армониат бо исми Гугуш.
Боки,саломат бошед.
Шахлои Начмиддин
🍒🍒🍒🍒🍒🍒🍒🍒🍒🍒🍒🍒🍒🍒🍒🍒🍒
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 7