Предыдущая публикация
Намедонам...
Гӯш кун, ҷӯраи ман бошӣ,
Дили ман шаҳди сухан хоҳад.
Нафақат лолаи голандӣ,
Гули қоқуву суман хоҳад.
Дар Душанбеи чароғистон,
Дар барам кай ту қадам монӣ?
Аз чӣ метарсӣ, ки пинҳонӣ,
Ба тарабхонаам мехонӣ?
Ман аз ин ҳамҳамаҳо дурам,
Сар ба по ишқ, ҳамин тарзам.
Бин, ки аз муд қафо мондам,
Ба ту эй шик намеарзам.
Бонуи содаи деҳотӣ,
Оҳ, дар шаҳр дилам танг аст.
Шишаи сабзи нигоҳи ман,
Мунтазири хабари санг аст.
Ман ба ту ҷӯра намемонам,
Ту чӣ мехоҳӣ намедонам...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев