Дуои ҷуҳуд моро намегирад
(нимшӯхиву нимҷиддӣ)
Дар автобус паҳлӯи мӯйсафеди нуроние нишастам, ки хушсуҳбату чақ-чақӣ буд. Вақте сухан аз доногии миллати ҷуҳуд рафт, гуфт:
–Бадтарин дуои ҷуҳуд чӣ дуо аст, медонӣ?.
– Ҷуҳуд агар ба касе дуои бад карданӣ шавад, мегӯяд: - «Рӯзат ба маош монад!» -гуфтам дар посух.
–Ин дуо бадтарин дуост писарам, -гуфт. -Вале хушбахтона ин дуо дар кишваре чун Тоҷикистон мустаҷоб намешавад ва ба ҳеҷ тоҷику тоҷикистоние асар намекунад.
– Чӣ хел ба мо асар намекунад?, -ҳайрон шуда пурсидам.
– Чӣ хел асар кунад, писарам?, - гуфт ва бо табассуми аҷибе. - Ба мо як маоше медиҳанд, ки рӯзамон бе он ҳам мегузарад.
Хандида гуфтам:
–Ҷуҳудро боб кардаем ку.
–Бале боб кардем, - гуфт табассумкунон. - Муаллиму деҳқон, ҳатто мансабдорон ва дар умум ҳамаи кормандони буҷавӣ маоше мегиранд, ки ҳатто ба нисфи моҳашон намерасад. Ин аст, ки ҳама кайҳо аз фикри маош баромада, дар фикри даромади иловагӣ шудаанд. Ҳама кайҳо роҳҳоеро пайдо кардагиянд, ки дуои ҷуҳуд ба онҳо асар намекунад.
–Бале бобоҷон. Офарини мо кӣ ҳатто ҷуҳуду дуояшро дар ғафлат монондем, -гуфтам, аз ҷавобаш қаноатманд шуда.
Ӯ лаҳае ба ман нигариста гуфт:
–Аз сару либос ва галстукат маълум, ки бисёр чизҳоро медонӣ. Мумкин аст, як суоле кунам.
–Марҳамат бобоҷон, -гуфтам. - Ҳарчӣ мехоҳед пурсед. Агар тавонистам, ҳатман ҷавоб медиҳам.
Гуфт:
–Чаро маоше таин намекунанд, ки ба зиндагии рӯзмарраи мардум, бахусус кормандони буҷавӣ расад ва онҳо дар фикри даромади иловагӣ нашуда, вазифаашонро бомасъулиятона иҷро кунанд?
Чун ҷавобе наёфтам, хандида гуфтам:
–Барои он ки дуои ҷуҳуд нагирад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6