Бо як ҷаҳони таманно саломат мефиристам модар!
Медонам хуб нести, медонам ғам мехури, оҳ мекаши, нола мекуни!
Ва инашро ҳам медонам, ки бештари нолаҳоят аз пушти ман аст!
Шояд ба он андозае, ки ту барои ман ғам мехуриву аз дарди ман месузӣ, ман худам барои худам ғам нахураму насузам!
Чун ман ҳоло модар нестам ва ба андозаи ту лаззати модар буданро намедонам!
Медонам аз ҳеҷ чиз ками надори аммо барои камии ман ғамгини, модар!
Оғози баҳор аст, рузи милодат аст, омад-омади иди модарон аст яъне як даста ид дори ғамгинат кардан намехоҳам, ба ҳамин хотир хостам авал аз ғам нависам ва сипас шоди!
Ман бовари дорам ин рузҳои ғурбат мегузарад, офтоби бахти мо ҳам рузе шуъла мезанад, толеъамон баланди мекунад умедамон ҷомаи амал мепушад! Чанд солест, ки дар зодрузат нестам аммо аз дурии дур ҳамеша хаёлан хоки поятро мебусам, бо вуҷуди гоҳ гоҳ азият доданам хеле дустат медорам модар!
Дунёми,
Бигзор ҳамеша дар лабат ханда бошаду умрат дарозу танат бе дарду хотират ҷамъ!
Зодрузат муборак модарҷон!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4
********************************** М о д а р ч о н З о д р у з М у б о р а к! ************************
Аё модар лабат дар ханда бошад,
Гули руят моҳи тобанда бошад.
Барои заҳмате бар мо кашидӣ,
Ба поят сар ниҳем арзанда бошад.
Бароям рузи хушбахтист имруз.
Надорам дар дилам хеч дарду гамро,
Ки имруз модарам зодруз дорад.
Намоям точ бар сар модарамро.
Муборак зодрузат модари чон.
Туро аз чону дил табрик гуям.
Чи хуш дар рузи мавлудат модар,
Бароят ин сурудамро сароям.
Бичуям тухфаеро бахри модар,
Намедонам чиро такдим созам.
Наарзад хеч чиз бар мехри покаш,
Ба у танхо сурудамро навозам!!!!