Аллоҳус-самад. Лам ялид ва лам йулад. Ва лам якун лаҳу куфуван аҳад.2. Ба номи Аллоҳи бахшояндаи меҳрубон. Бигӯ, ӯ Аллоҳи ягона аст )ва ҷуз ӯ касешоистаи парастиш набувад ва ӯ яктост ва ҳамтову шарику анбозу ҳампояву ҳамдасту ҳамдаму баробару вазир надорад(. Аллоҳи бениёз аст)ва ҳамагон ҳамеша ба ӯ ниёзманду ва ӯ ба касе ва чизе ниёз надорад(. Касеро назода ва аз касе назода аст)ва зану фарзанду падару модар надорад ва навпайдо нест, балки ӯ куҳану қадим аст(. Ва ҳеҷ яке ӯро ҳамто нест)ва чизе монанди ӯ нест ва ӯ ҳамнавъу анбозу шарик надорад(.Сураи ФАЛАҚ.Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.Қул аъузу бираббил-фалақ. Мин шарри мо халақ. Ва мин шарри ғосиқин изо вақаб. Ва мин шаррин-наффосоти фил-ъуқад. Ва мин шарри ҳосидин изо ҳасад.Ба номи Аллоҳи бахшояндаи меҳрубон.Бигӯ, ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам. Аз бадии он чи ӯ офарида, )аз бадии ҳамаи офаридагон ба Аллоҳи ҷаҳонофарин паноҳ мегирам(. Ва аз бадии торикиишаб чун ғуруби офтоб андар ояд )ва ахтарону моҳтоб падидор гарданд(. Ва аз бадии занони ҷодугари даманда ),ки дар гиреҳҳо афсун кунанд(. Ва аз бадии рашкварзанда чун рашк намояд -)у захми чашм занад ва заволи неъмат хоҳад(.Сураи НОСБисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.Қул аъузу бираббин-нос. Маликин-нос. Илоҳин-нос. Мин шаррил-васвосил-ханнос.Аллазӣ ювасвису фӣ судурин-нос. Минал-ҷиннати ван-нос.Ба номи Аллоҳи бахшояндаи меҳрубон.Бигӯ ба Парвардигори мардумон паноҳ мебарам. Ба Подшоҳи фармонравои мардумон )паноҳ меҷӯям(. Ба Эзиди шоистаи парастиши мардумон )паноҳ мегирам(. Азбадии шайтони васвасакунандаи бисёр ниҳоншаванда. Аз бадии ҳамон шайтоне, ки дар дилҳоимардумон васваса меафганад)-у бадкориро дар назарашон меорояд(. Хоҳ аз миёни шайтонҳои ҷинн бошад ва хоҳаз миёни шайтонҳои одамизодагон.)се бор(3. Асбаҳно ва асбаҳал-мулку лиллоҳи вал-ҳамду лиллоҳи, ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамду ваҳува ъало кулли шай’ин қадирун. Рабби ас’алука хайра мо фӣ ҳозал-явми ва хайра мобаъдаҳу ва аъузу бика мин шарри мо фӣ ҳозал-явми ва шарри мо баъдаҳу. Рабби аъузу бика минал-касали ва су’ил-кибари, рабби аъузу бика мин-ъазобин фин-нори ва ъазобин фил-қабри.3. Ба субҳ расидем ва мулки Аллоҳ дохили субҳ гашт.Ва сипос мар Аллоҳро, ҷуз Аллоҳ ҳеҷ эзиде шоистаи парастиш нест, ӯ ҳамто надорад, подшоҳӣ ӯрост ва ситоиш ӯрост ва ӯ бар ҳама чиз тавоност. Парвардигоро! Накӯиро, ки дар ин рӯз аст ва накӯии пас аз ин рӯзро аз ту дархост мекунам. Ва аз бадии ин рӯз ва аз бадии пас аз ин рӯз ба ту паноҳ мебарам. Парвардигоро, аз танбаливу гаронҷонӣ ва аз бадии куҳансолӣ ба ту паноҳ мебарам. Парвардигоро, аз азоби оташу аз азоби гӯр ба тупаноҳ мебарам.4.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев