Дар бораи намози тасбиҳ ва тарикаи он ман ба шумо он чизеро мегуям, ки Паёмбари Худо (алайҳиссалом) ба амаки худ Аббос таълим доданд. Паёмбар фармуд: Эй амаки ман (Аббос) чаҳор ракаат намоз гузор! Дар ҳарракаати он сураи “Фотиҳа”ва замми сура бикун! Баъди фориғ шудан аз замми сураинро бихон; “Аллоҳу акбар, валҳамду лиллоҳ ва субҳоналлоҳ ва ло илоҳа иллаллоҳ”. Инро понздаҳ маротиба кабл аз рукуъ бихон ва сипас рукуъ бинамо. Ин зикрро (яъне зикри дар боло гузашта) даҳ маротиба дар рукуъ бихон. Сипас баъд аз оне, ки сарро аз рукуъ бардошти даҳ маротибаи дигар онро бихон! Сипас ба саҷда рафта онро даҳ маротибаи дигар бихон! Сипас сарро аз саҷда бардошта даҳ маротибаи дигар онро бихон! Сипас ба саҷдаи дуввум рафта боз даҳ маротибаи дигар бихон! Сипас боз аз саҷдаи дуввум хеста онро даҳ маротиба пешаз он, ки за ҷобархезӣ, бихон! Ба ин тарз дар ҳар ракаат 75 маротиба он зикр хонда мешавад. Ва дар чаҳор ракаат сесад маротиба хонда мешавад. Эй амак! Агар гуноҳонат ба андозаи реги Олиҷ (номи якмакони биёбонзор) бошад, албатта Худованд он гуноҳони туромағфират хоҳад кард. Ҳазрати Аббосгуфт: Эй Паёмбари Худо (алайҳиссалом) кӣ метавонад ин намозро ҳар руз бигузорад? Паёмбар фармуд: (Агар натавонӣ онро дар ҳар руз бихонӣ пас ҳар рузи ҷумъа онро бихон! Агар инр ҳам натавонӣ пас дар як моҳ як маротиба бихон. Ва агаринро ҳам кудрат надошти анчом бидиҳӣ, пас дар як сол як маротиба бихон. Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст. Худонигаҳбонатон бошадҶавобдиҳанда:Эшони Нуриддинҷон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев