Агар бидони, вақтоки ба масҷид намерави, чи фазиалтеро аз даст медиҳи, аз таассуф ва ҳасрат ангушт бар даҳон мегири. Касе барои ёди Худо бар хонаи Ӯ меравад, бубин чи меваҳои тозае аз он бармечинад. Манзилгоҳҳои биҳишти насибаш мегардад Агар ба ту бигуянд, ки ҳаргоҳ ба фалонҷо бираси ҷойзаи дуняви насибат мегардад, агарчи дур ҳам бошад ба сӯи онҷо мешитоби ва талоши бисёре мекуни то ба онҷо бираси. Худатро ба заҳмат меандози бар нотавониат ғалаба мекуни... ва ҳамчун муборизе, ки ба майдони ҷанг мешитобад. Басуй онҷо шитоб мекуни, ҳоло ки рафтани ту ба масҷид осонтар ва аҷру савобаш бузургтар ва фаровонтар аст, пас чи кор мекуни? Пас беҳтар он нест, ки доман ба камар бизани ва омода ва ҳозир ба силоҳ боши? Аз Абуҳурайра (р.з) ривоят аст, ки расули худо фармуд: “Ҳар ки ба масҷид рафту омад кунад, ба ҳамон андозаеки рафту омад мекунад барои ӯ дар биҳишт манзилгоҳ фароҳам мекунанд”. (Бухорӣ ва Муслим) Ин подоше аст, ки аз он болотар нест... ва савобе аст, ки сазовори таҳсин аст! Манзилгоҳи ҷовидона дар биҳишт, агар дар зебогияш андеша куни... ва зиннаташро ба чашм бубини... ва манзараи онро назар куни... ва ба атрофи он ба тамошо биншини... ва аз васоили ва асбобу ҷамол ва некии он огоҳ шави... сахт ҳайрон ва саргардон хоҳи шуд! Ва гаронбаҳотарин сармояҳои худро барои расидан бар он сарф хоҳи кард... Расидан бар он душвор нест, балки як рафту ва як омад аст, пиёдарави ва гардиш аст, овозҳои собите аст, барои ободсозии хонаи Худо, ва барои дархости закоти ҷон ва сафои он, вақтоки муаззин азон мегуяд: Биштобед басуй намоз... биштобед басуй растагори...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев