Сафири Эрон дар Русия гуфт, Теҳрон қасд дорад ба таҳкими равобити дифоии худ бо Русия идома диҳад.
Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз хабаргузори ТАСС, Козим Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав дар маросиме ба муносибати Рӯзи артиш дар ин кишвар, таъкид кард, ки Теҳрон ба тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ-фаннии худ бо Маскав идома хоҳад дод. Сафири Эрон таъкид кард: Ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ байни Русия ва Эрон алайҳи кишварҳои саюм нест ва танҳо дар ростои таъмини амнияти ду кишвар ва тақвияти субот дар минтақа иҷро мешавад.
Ӯ бархе иддаоҳои кишварҳои ғарбӣ мабнӣ бар истифода аз ҳамкории Русия ва Эрон дар муноқишоти минтақавӣ, аз ҷумла даргирии низомӣ дар Украинаро рад карда ва афзуд: Албатта бар хилофи шароити кунунӣ, Эрон қасд дорад ба тақвияти равобити дифоӣ бо Русия мутобиқ бо қавонини байналмилалӣ идома диҳад.
Ин ҳафта Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба ибтикори тарафи эронӣ бо Иброҳим Раисӣ, ҳамтои эронии худ телефонӣ гуфтугӯ кард ва дар ҷараёни он, Путин аз ҷумла тамоюли худ барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла иҷрои прожеҳои зербиноӣ дар Эронро иброз кард. https://tajikpress.com/2024/04/20/%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%b0-%d1%82%d0%b0%d2%b3%d0%ba%d0%b8%d0%bc%d0%b8-%d1%80%d0%b0%d0%b2%d0%be%d0%b1%d0%b8%d1%82%d0%b8-%d0%b4%d0%b8%d1%84%d0%be%d3%a3-%d0%b1%d0%be-%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев