Яке аз аъзои парлумони режими саҳюнистӣ бо эътироф ба шикасти қатъии ин режим дар баробари неруҳои муқовимати Фаластин, гуфт, ки илова бар аз даст додани неруҳои худ, дар арсаи байналмилалӣ низ шикаст хоҳанд хӯрд.
Бо вуҷуди идомаи ҷанги режими палиди саҳюнистӣ дар Ғазза ва Рафаҳ, “Рам бин Барак” узви парлумони ин режим ба радио Исроил гуфт, ки «ин ҷанг, беҳадаф аст ва бидуни ҳеҷ шак ва тардиде дар он шикаст хоҳем хӯрд».
Рам бин Барак, ки муовини собиқи раиси Мусод будааст, ҳамчунин изъон кард: «Маҷбӯр ҳастем, ки ҷангро дар ҳамон манотиқе оғоз кунем ва сарбозони худро аз даст бидиҳем ва дар арсаи байналмилалӣ низ шикаст бихӯрем».
Шабакаи ибрӣ забони Кан ба унвони телевизиони расмии Исроил ҳам хабар дод, ки қароро аст “Бенни Гантз” узви кобинаи ҷанги ин режим шомгоҳи имрӯз дар бораи ҷанги кунунӣ, нишасти хабарӣ баргузор кунад. https://tajikpress.com/2024/05/19/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%be%d1%80%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%80%d0%b5%d0%b6%d0%b8%d0%bc%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81-2/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев