Предыдущая публикация
мебошад.
Сайқали меҳр ба ҳар сина зиё
мебошад.
Захми аҷз аст калидони дари
файзи азал,
Ҳама оина аз ин ҷилва ҷило
мебошад.
Дарди бедард шуда иллати ин
кӯрдилон,
Сурмаи ишқ ба ин дард даво
мебошад.
Зиндагӣ нашъаи ишқ аст ба зудӣ
дарёб,
Завқи Ҳақ ҳосили ин дарди фано
мебошад.
Дили шайдо, ки ба хуноб тапидан
гирад,
Ошиқи хаста аз ин бесару по
мебошад.
Ба дари ишқ сари шоҳу гадо яксон
аст,
Андар ин бор шаҳон кам зи гадо
мебошад.
Чокии дил кунад аз доғ
гиребончокӣ,
Пораи юсуфсифати ҷома қабо
мебошад.
Иштиёқи рухи маъшуқ умеди дили
зор,
Дил ба хушнудии он завқ лиқо
мебошад.
Кафи умед Ҷунун аз дилу ҷон
мешӯяд,
Ҳар ду дар роҳи ғами ишқ фидо
мебошад./
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев