Предыдущая публикация
шавад,
Хона бедона паи бор кай обод
шавад.
Сафари мушкилу дур аст магар
тӯша барӣ,
То дилу ҷони ту аз файзи азал шод
шавад.
Ёд кун аз лаҳади тор, шабе тор,
шаб хез,
Нола кун, равшании гӯри ту фарёд
шавад.
Ганҷро дасти саҳо ёфт, бидеҳ, то
ёбӣ,
Ки зиёда зи сахо ганҷи худодод
шавад.
Тоифи каъбаи дил шав, ки гирди
ҳарамаш,
Ҳар диле бастаи дун омада, озод
шавад.
Золи дун ханҷари домодкуширо
нагузошт,
Хун гирифта дигаре омада домод
шавад.
Бе сутунвор дар ин ҷо нарасад кас
ба мурод,
Зарби ҳар тешаи ин нолаи Фарҳод
шавад.
Кас дами шодӣ дар ин ғамкада чун
мехоҳад,
Ки паи хар ғаме сад ғуссае бунёд
шавад.
Бурриши ҷавҳарам аз оташи ишқ
аст, Ҷунун,
Оҳани сард куҷо ханҷари фӯлод
шавад?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев