дар тамошояш,
Канад рӯро қамар аз рашки руҳсори
таҷаллояш.
Ба як имои абрӯ габру тарсо гашт
меҳробӣ,
Хумори нашъамандон наргиси
махмури шаҳлояш.
Шуд аз ташрифи нури ӯ мунаввар
зулмати олам,
Бигӯяд сураи Ваннаҷм аз меърочи
болояш.
Ба афсӯси хироми қомати ӯ тубии
ҷаннат,
Ҳама аҳли замину осмон дар шӯру
ғавғояш.
Ҳами сунбул зи вақфи ҷаъди
мушкияаш, чӣ медонад?
Кунад Валлайл васфи гесӯи ҷаъди
сумансояш,
Шикасти лашкари куффор, бозори
бутон дода,
Чӣ бок аз касрати душман, ки ҳақ
бошад Фатаҳнояш.
Бутон зери суҷуди мақдами ӯ
сарнагун гашта,
Ба пеши мақдамаш афтону ларзон
тоқи Касрояш.
Шукуфти ғунчаи ӯ боиси сад чоки
дилҳо шуд,
Ба сад дил поргии зуннор канда
габру тарсояш.
Агарчӣ як Зулайхо вола шуд бар
Юсуфи мисрӣ,
Азизи ду ҷаҳонро ду саро гардад
Зулайхояш.
Барои аҳли исён раҳматан
лилоламин омад,
Шукӯҳи қурб гар донистӣ аз қавсу
«ав адно»-яш.
Ҳама олам туфайли як сари мӯяш
падид омад,
Аз он рӯ орзу дорад сари арш аз
кафи пояш.
Гузашт аз анбиё андар мақоми
қурби тавҳидӣ,
Надорад «лӣ маъаллоҳ» гунҷиш аз
қавли шакарҳояш.
Наи килкам, Ҷунун дар наъти он
сарвар шакар резад,
Магар хӯрдаст тут ин тутӣ аз
Ясрибу Батҳояш./
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев