Мавлоно Ҷунуни

Мавлоно Ҷунуни

Умри ҳар банда,ки бе хидмати мавло гузарад, Моҳии ташналаби мурдаи дарё гузарад. Олами рӯйхунук гармӣ ба ҷуз ишқ надошт, Ҳайфи умре,ки дар ин ларзиши сармо гузарад. Дари фирдавс кушода,ту ба дӯзах моил, Оқил он аст,сӯи ҷаннати аъло гузарад. Дун бигӯяд манаму ишқ бигӯяд ба ман ой, Мард он аст,ки бар ишқ зи дунё гузарад. Ҳама дар шӯриши ғавғои ҷаҳон дар ғафлат, Оқилона хирад аз ҳодиси дунё гузарад. Ишқ хонӣ сабақ аз дафтари офоқ махон, Хуни дилхӯр магар аз дарси муъаммо гуза
ЧОН, ЧОН БОЯД, КИ ТО ЧОН ВАСЛИ У ДАР БАР КУНАД. ЧАШМИ ДИЛ ХУНОБА ГИРЯД ТО БА У МАНЗАР КУНАД. КАЙ КУЛОХИ ИШК ДОРАД МАЙЛИ ФАРКИ САРКАШОН. ТОЛИБИ ОН ХОКСОРУИ У КИ ТАРКИ САР КУНАД. ПУШ БОБИ МАДРАСА БИКШО ДАРИ МАЙХОНАРО. ТОЛИБ ОН БОШАД КИ ДАРСИ ИШК ДАР БАР КУНАД. ИЛМ ОН КИ ВОСИЛИ МАКСУД КУНАД ДОНАНДАРО. ЧАХЛ БАХТАР ДОН АЗ ОН ИЛМЕ КИ ТАН ПАРВАР КУНАД. РУХПАРВАР БОШ ШАВ ШАХБОЗИ КУДСИ ОШИЁН ТО ТУРО ОГУШ НУРИ ЧИЛВАИ ДИЛБАР КУН. АЗ ДУ ОЛАМ БИГЗАРУ ЯК ЧИЛВАИ ЯКТО БУБИН. ОШИК ОН БОШАД
Бо муҳиббон асари нури Худо мебошад. Сайқали меҳр ба ҳар сина зиё мебошад. Захми аҷз аст калидони дари файзи азал, Ҳама оина аз ин ҷилва ҷило мебошад. Дарди бедард шуда иллати ин кӯрдилон, Сурмаи ишқ ба ин дард даво мебошад. Зиндагӣ нашъаи ишқ аст ба зудӣ дарёб, Завқи Ҳақ ҳосили ин дарди фано мебошад. Дили шайдо, ки ба хуноб тапидан гирад, Ошиқи хаста аз ин бесару по мебошад. Ба дари ишқ сари шоҳу гадо яксон аст, Андар ин бор шаҳон кам зи гадо мебошад. Чокии дил кунад аз
Кушодам дидаи дил чун кавокиб дар тамошояш, Канад рӯро қамар аз рашки руҳсори таҷаллояш. Ба як имои абрӯ габру тарсо гашт меҳробӣ, Хумори нашъамандон наргиси махмури шаҳлояш. Шуд аз ташрифи нури ӯ мунаввар зулмати олам, Бигӯяд сураи Ваннаҷм аз меърочи болояш. Ба афсӯси хироми қомати ӯ тубии ҷаннат, Ҳама аҳли замину осмон дар шӯру ғавғояш. Ҳами сунбул зи вақфи ҷаъди мушкияаш, чӣ медонад? Кунад Валлайл васфи гесӯи ҷаъди сумансояш, Шикасти лашкари куффор, бозори бутон дода, Чӣ
Дилу ҷон завқи ҳақ аз бодаи саҳбо гирад, Олами дил ҳамаро нури таҷалло гирад. Ғарқаи мавҷии ин баҳр тапишҳо дорад, Моҳиён чун натабанд чангаки мавло гирад. Ғӯта дар баҳр бизан,ҷавҳари мақсуд биҷӯй, Гар зи ҷон ҷаст касе гавҳари якто гирад. Ҳосили касби ҳама силсила ишқ аст ба гӯш, Кор кун, доғи муҳаббат ба дилат ҷо гирад. Дил нигоҳ дор зи найранги ҷаҳони фонӣ, Сайри лоҳут кунӣ, то ба бақо ҷо гирад. Ҳабси ин олами суфлост ҳама мурдадилон, Шавад озод, раҳи олами боло гирад.
Ҳайф аз хирмани он умр,ки барбод шавад, Хона бедона паи бор кай обод шавад. Сафари мушкилу дур аст магар тӯша барӣ, То дилу ҷони ту аз файзи азал шод шавад. Ёд кун аз лаҳади тор, шабе тор, шаб хез, Нола кун, равшании гӯри ту фарёд шавад. Ганҷро дасти саҳо ёфт, бидеҳ, то ёбӣ, Ки зиёда зи сахо ганҷи худодод шавад. Тоифи каъбаи дил шав, ки гирди ҳарамаш, Ҳар диле бастаи дун омада, озод шавад. Золи дун ханҷари домодкуширо нагузошт, Хун гирифта дигаре омада домод шавад. Бе сут
Дами теғи ту мебӯсад шаҳидон, Чӣ ҳоҷат бесаронро фарқи сомон. Дами теғи ту чун оби ҳаётаст, Шавад зинда касеро кард қурбон. Гирифторат нагардад аз камин сер, Зи шаҳдат ташнатар ин талхкомон. Гадои ту нахоҳад салтанатро, Гурезон аст беморат зи дармон. Аҷаб сӯзу навоз чашмон кашад об, Кунад шайдои ту рӯ бар муҳиббон. Ғизои ошиқ аст хунобаи дил, Намехоҳад руфӯ ин синачокон. Гузашт аз арш ҷӯёнат зи мастӣ, Гадоятро шавад мӯҳтоҷ хоқон. Ба васлат ошиқон гиряд зи шодӣ, Ба шӯр афтад, намоӣ
Хез, эй солик, ба шаб дар зикри Ҳақ бедор бош, Раҳрави роҳи ҳақӣ, ғофил машав, дар кор бош. Ҳам дари тавба кушода, ҳам дари файзи азал, Ёди исён кун саҳаргоҳон ба истиғфор бош. Рӯзи фориғ нест касбу кори зиндагӣ, Шаб ба ёди зикру фикри ҳазрати Чаббор бош. Ҳамчу шамъи сарбурида ашк рез аз сӯзи дил, Бо фиғону нолаву бо синаи афгор бош, Нолаву зории муштоқон хуш ояд ёрро, Ошиқи зорӣ агар, дар нолаҳои зор бош. Мардумон дар хобу ту хун хӯр ба шабҳои дароз, Ганҷи ваҳдатро биёбӣ,
Ҳайфи умре,ки ҳама аз паи ғафлат гузарад Ба гирифтории дунёву ба кулфат гузарад. Хуш ҳамон умр, ки дар сӯҳбати мардони худо, Бо худоҷӯӣ ба ҳар аҳли муҳаббат гузарад. Ба забон зикру ба дил фикри шуҳуди зоташ, Ба ҳузури дилу дар гармии сӯҳбат гузарад. Дил ба огоҳию тан қоими меҳроби суҷуд, Ин чунин то дами охир ба ибодат гузарад. Чун саги Каҳф муқими дари мардони худо, Завқи сармасти майю касби тариқат гузарад. Дили гулхангаҳе ошиқ кабобе карда, Ба ҷигардарду ба рухи зарду р
Эй дил ба боргоҳи карам интизор бош, Доим ба нола аз ғами ӯ ашкбор бош. Бо зикру фикри ними шабӣ нолаи саҳар, Шайдои кӯи ишқ ба садри фигор бош. Эй бехабар, биё, ки кушоиш дар ин дар аст, Худ посбони хонаи дил шав, ба ёр бош. Эй банда, зуд хоҷаи деринаро шинос, Ориф шудӣ, ба бандагии кирдугор бош. Рав хоки рӯи даргаҳи майхона шав ба сидқ, Сад косаи май бинӯшу ба завқи хумор бош. Дунёст ҷои нолаи муштоқи кӯи ӯ, Чун булбулон ба нолаи ҳар марғзор бош. То нагзарӣ зи ҷон, ба ҷо
Show more
About group
Чунунро дил аз андуҳи чон кандан тапад дар хун, Кушо ин уқдаро ё Раб, ба фазли худ ба осони. +79227999774
Administrator: