Марҳабо, эй соли паланг,
Мулки тоҷики бо фарҳанг
Сарзаминаш симои ҳафтранг,
Зебанда варост авранг.
Оламиён шуда мафтуну гаранг,
Аз табиату меваҳои ранг-ранг.
Дар об чақон ҳамчун наҳанг,
Дар замин мисли шеру паланг,
Ҷои душман карда танг,
Миллат набинад рӯи ҷанг.
Азиз донем обу хоку ҳам санг,
Омадааст ин сол, соли нанг.
Ғулғула афканем бо тору чанг ,
Садояш то Ҳинду Чину Фаранг.
Қофия гӯ ,Садриддин, бо ҷаранг,
Мучалаш пурсӣ, бошад паланг.