Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:45
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:20

Омӯзгорони Тоҷикистон ғолиби озмуни бузурги байналмилалӣ гардиданд.

Аз 166 нафар иштирокчиёни лоиҳаи "Забони русӣ дар ИДМ – уфуқҳои нав" чаҳор нафар омӯзгорони Душанбе, Норак ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон яке аз беҳтаринҳо дониста шуданд.
Ҳоло онҳо ба Санкт-Петербург сафар карда, дар он ҷо барояшон барномаи ғании фарҳангӣ пешкаш мешавад.
Худи озмунро Намояндагии башардӯстонаи Русия бо дастгирии Россотрудничество ташкил кардааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:05

Дар навори Ғазза тақрибан 8 ҳазор кӯдак аз норасоии шадиди ғизо азият мекашанд.

Дар ин бора Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар дода, афзуд, аксари кӯдакон бемории вазнин доранд.
"Беҳтарин дору сулҳ дар анклав хоҳад буд", -гуфт Тедрос Адханом Гебрейюс, директори генералии созмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:26

Раҳмон тоҷикистониёнро бо Иди Қурбон табрик кард.

Президент дар паёми шодбошии худ гуфт, Иди Қурбон тӯй ё маросиме нест, ки боиси вазнин шудани вазъи молии инсон ва аъзои оилаи вай гардад.
Ӯ таъкид намуд, ки қурбонӣ ба нафароне воҷиб аст, ки шароити хуби молӣ доранд.
Роҳбари давлат ба ҳар хонадони кишвар оромиву осоиш ва рӯзгори босаодатро орзу кард.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:25

Дар Душанбе беш аз 30 ҷой барои забҳи чорво ташкил шуд.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе дар остонаи Иди Қурбон барои сокинони ҳар чор ноҳия ҷойҳои махсус барои забҳи чорво ташкил шудааст.
Маълумоти бештар дар бораи маконҳои забҳи чорворо аз тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan бубинед.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:05

Дар ҷануби Русия тадбирҳо барои иҷтимоъсозии муҳоҷиронро пурзӯр кардан лозим аст.

Дар ин бора Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти Русия дар як нишаст дар Астрахан изҳор дошт.
Вай афзуд, корҳои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва шуғли аҳолӣ муҳим аст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:50

Таҳримҳои Ғарб ба интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон таъсир нарасонданд.

"Душанбе Сити", "Ориёнбонк", "Ҳумо" ва "Алиф Бонк" ҳоло ҳам бо Федератсияи Русия амалиёти пулӣ анҷом медиҳанд, хабар дод ТАСС бо истинод ба хадамоти хидматрасонӣ ба муштариён.
Вазорати молияи ИМА дирӯз алайҳи низоми молии Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард, ки ба он биржаи Маскав, ДИҲ, ММК ва бонки "Точка" шомиланд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:05

Минбаъд воқеият дар хатти ҷанг ба суди Украина тағйир нахоҳад ёфт.

Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо дипломатҳои кишвараш баён дошт.
"Албатта, воқеият дар замин, дар хатти тамоси ҷангӣ тағйир хоҳад ёфт - на ба нафъи режими Киев ва шароити оғози музокирот дар он сурат дигар хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:45
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:25

Путин дипломатияи кишварҳои НАТО-ро дар "ҳалли низоъҳои мураккаби байниҳамдигарӣ бесамар" номид.

"Принсипи асосии дипломатияи НАТО ин аст, ки яке аз тарафҳоро ба ҳама гуна гуноҳ айбдор кунад ва тамоми қудрати сиёсӣ, иттилоотӣ ва ҳарбиро ба болои он сарозер кунад", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ин бархӯрд ба ҷуз тезутунд шудани мушкилоти мавҷуда, сарнавишти шикастаи миллионҳо одамон, тахриби сарнавишти давлатҳои бутун, паҳншавии фоҷеаҳои инсонӣ, иҷтимоӣ ва анклавҳои террористӣ чизе наоварданд.
Ба гуфтаи Путин, ягон мамлакати ҷаҳон аз дохил шудан ба руйхати ғамангезе, ки Югославия кушодааст, эмин нест.
01:45
Путин НАТО
67 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:55
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:15

Гап сари пурра хотима бахшидани низоъ дар Украина аст, на муваққатан - Путин.

Русия боз як пешниҳоди воқеии сулҳро ироа мекунад, аммо агар Ғарб ва Киев рад кунанд, масъулияти хунрезӣ бар гардани онҳо хоҳад буд, гуфт Путин.
➖ Мавқеи принсипиалии мо ин мақоми бетараф, ба блокҳо ҳамроҳ нашудан ва бидуни силоҳи ҳастаӣ барои Украина буда, ғайриҳарбисозию нозизудоии он мебошад.
➖ Гап на дар бораи мутваққиф кардани низоъ, балки дар бораи қатъи комили он аст.
➖ Созишномаҳои бунёдӣ барои ҳалли осоишта бояд дар шартномаҳои байналмилалӣ сабт карда шаванд.
➖ Табиист, ки лағви таҳримҳо алайҳи Русия низ дар миён аст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:50

Путин шартҳои Русия барои оғози музокироти сулҳ бо Украинаро эълом кард:

🔸 хуруҷи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина аз тамоми чаҳор минтақаи Русия (вилоятҳои ҶХД, ҶХЛ, Херсон, Запороже);
🔸 худдорӣ кардани Украина аз пайвастан ба НАТО;
🔸 бекор кардани тамоми таҳримҳои Ғарб.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:15

Путин шартҳои оғози музокироти сулҳ бо Украинаро номбар кард.

Киев нирӯҳои худро аз қаламравҳои нави Русия хориҷ мекунад ва ӯҳдадор мешавад, ки ба НАТО напайвандад ва пас аз он оташбас муқаррар карда мешавад, гуфт президент.
"Мо омода ҳастем, ки фардо сари мизи музокирот нишинем"
- афзуд ӯ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:49

Таҳдиди ҳабси якумра ба Саидҷаъфар Усмонзода

Бар асоси моддаи Кодекси ҷиноӣ, ки аз рӯи он нисбати собиқ раиси Ҳизби демократ иттиҳом пешниҳод шудааст, аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси якумра пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои додситонӣ нисбати Усмонзода аз рӯи моддаи 306 қисмти 2 банди “в” парванда оғоз шудааст, ки бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият бо истифода аз мақоми хизматиро фаро мегирад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:20

Ҷаҳон босуръат тағйир меёбад - Путин.

Кишвардори Русия дар ин бора зимни мулоқот бо роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ изҳор дошт.
"Он мисли пештара нахоҳад буд - на дар сиёсати ҷаҳонӣ ва на дар иқтисод", - афзуд президенти Русия.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:55

Раиси парлумони Тоҷикистон аз вакилон хост, аз доираи қонун берун набароянд.

Ин даъвати раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода зимни ҷаласаи марбут ба иҷозат барои ҳабси вакил, Саидҷаъфар Усмонзода садо дод.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:05

Ҷунбиши Толибон* ҷонибдори узвияти Афғонистон дар СҲШ, ИИАО ва БРИКС мебошад.

Ин нуктаро кордори Афғонистон дар Маскав, Ҷамол Носир Ғурвол, дар мусоҳиба бо нашрияи "Известия" баён дошта, афзудааст, "мо мехоҳем, ки Русия дар ин масъала моро дастгирӣ кунад".
Бо вуҷуд феълан барои пайвастани Афғонистон ба БРИКС ва ИИАО замина фароҳам нашудааст.
Аз ин рӯ, пайвастан ба СҲШ нисбатан воқеитар ба назар мерасад, чун шарикони асосии афғонҳо аъзои ин созмон мебошанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:10

Юсуф Раҳмон айби Саидҷаъфар Усмонзодаро гуфт.

Ба иттилои додситони кулли Тоҷикистон, Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 бо муовини роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии "Паймони миллии Тоҷикистон" Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, оид ба ғасби ҳокимияти давлатӣ маслиҳат кардаст.
Гадоев ваъда додааст, ки барои амалӣ намудани ин мақсад роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии "Ҳизби наҳзати ислом"* Муҳиддин Кабирӣ ба ӯ кумакҳои пулӣ расонида, зиёда аз се ҳазор ҷанговарони ташкилоти террористии "Ҷамоати Ансоруллоҳ"*-ро аз хориҷи кишвар таъмин менамояд.
Ба гуфтаи Раҳмон, тибқи нақша онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канорҳои мамлакат вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта,
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:30

Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои БРИКС дар Қазон аввалин медалҳоро ба даст оварданд.

Ҳарду ҳам дар риштаи самбо ва биринҷӣ. Сорбон Латифов дар вазни то 64 кг бар рақибаш аз Венесуэла пирӯз шуда, медали биринҷӣ гирифт.
Бо натиҷаи мушобеҳ Убайд Диваштич дар вазни 79 кило қувваозмоиро бо куштигир аз Бразилия анҷом дод.
Ба ин тартиб, Тоҷикистон дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои 10-ум аст.
Показать ещё