Гап сари пурра хотима бахшидани низоъ дар Украина аст, на муваққатан - Путин.
Русия боз як пешниҳоди воқеии сулҳро ироа мекунад, аммо агар Ғарб ва Киев рад кунанд, масъулияти хунрезӣ бар гардани онҳо хоҳад буд, гуфт Путин. Мавқеи принсипиалии мо ин мақоми бетараф, ба блокҳо ҳамроҳ нашудан ва бидуни силоҳи ҳастаӣ барои Украина буда, ғайриҳарбисозию нозизудоии он мебошад. Гап на дар бораи мутваққиф кардани низоъ, балки дар бораи қатъи комили он аст. Созишномаҳои бунёдӣ барои ҳалли осоишта бояд дар шартномаҳои байналмилалӣ сабт карда шаванд. Табиист, ки лағви таҳримҳо алайҳи Русия низ дар миён аст.
Путин шартҳои оғози музокироти сулҳ бо Украинаро номбар кард.
Киев нирӯҳои худро аз қаламравҳои нави Русия хориҷ мекунад ва ӯҳдадор мешавад, ки ба НАТО напайвандад ва пас аз он оташбас муқаррар карда мешавад, гуфт президент.
Кишвардори Русия дар ин бора зимни мулоқот бо роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ изҳор дошт. "Он мисли пештара нахоҳад буд - на дар сиёсати ҷаҳонӣ ва на дар иқтисод", - афзуд президенти Русия.
Ҳарду ҳам дар риштаи самбо ва биринҷӣ. Сорбон Латифов дар вазни то 64 кг бар рақибаш аз Венесуэла пирӯз шуда, медали биринҷӣ гирифт. Бо натиҷаи мушобеҳ Убайд Диваштич дар вазни 79 кило қувваозмоиро бо куштигир аз Бразилия анҷом дод. Ба ин тартиб, Тоҷикистон дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои 10-ум аст.
Аз додгоҳи олӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки ҷамъан ҳукми 14 нафар эълон шуд ва аз миёни онҳо 5 нафар, аз ҷумла Саидмурод Дилшод ҳукми абад гирифтанд. Манбаъ афзуд, ки ҳукми онҳо ҳанӯз 18 март паси дарҳои баста эълон шуд ва 4 июн додгоҳи марҳилаи кассатсионӣ низ ҳукмашанро бетағйир гузошт. Шӯҳрат Исматуллоев моҳи июни соли гузашта рабуда шуд ва пас аз шиканҷаи зиёд кушта шуд. Ҷасади ӯро бо гузашта беш аз як моҳ дар Панҷакент аз дарё пайдо карданд.
Нет комментариев