Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:30

Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои БРИКС дар Қазон аввалин медалҳоро ба даст оварданд.

Ҳарду ҳам дар риштаи самбо ва биринҷӣ. Сорбон Латифов дар вазни то 64 кг бар рақибаш аз Венесуэла пирӯз шуда, медали биринҷӣ гирифт.
Бо натиҷаи мушобеҳ Убайд Диваштич дар вазни 79 кило қувваозмоиро бо куштигир аз Бразилия анҷом дод.
Ба ин тартиб, Тоҷикистон дар ҷадвали мусобиқот дар ҷои 10-ум аст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:51

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумони Тоҷикистон ҳабс шудаст.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо дархости додситонии кулли кишвар собиқ раиси Ҳизби демократро аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум карда, барои ҳабсаш иҷозат додаст.
Ба иттилои додситонӣ, нисбати Усмонзода бар асоси моддаи 306 қисми 2 банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ, бо иттиҳомӣ бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият тафтишот идома дорад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:19

Рақибони мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон (U-20) маълум шуданд.

Бар асоси натиҷаи қуръакашӣ тими Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи "Е" бо дастаҳои Уммон, Малайзия, Шри-Ланка ва Кореяи Шимолӣ зӯрозмоӣ мекунанд.
Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2025 дар ин гуруҳ аз 21 то 29 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Дар ҷамъбасти марҳилаи интихобӣ 10 ғолиби гурӯҳ ва 5 дастаи беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳхат мегиранд, ки аз 6 то 23 феврал дар Чин дар назар аст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:30

Дидори сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҳайати варзишгарони тоҷик, ки дар бозиҳои БРИКС иштирок доранд

Ҳайати мунтахаби варзишгарони Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои варзишии давлатҳои БРИКС вориди шаҳри Қозони Русия шуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ бо ҳайати варзишгарони кишвар мулоқот намуда, ба варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаи сатҳи баланд барору комёбӣ ва музаффарияту пирӯзӣ таманно намуданд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:00

Панҷ муттаҳам дар қатли муовини раиси "Ориёнбонк" ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Аз додгоҳи олӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки ҷамъан ҳукми 14 нафар эълон шуд ва аз миёни онҳо 5 нафар, аз ҷумла Саидмурод Дилшод ҳукми абад гирифтанд.
Манбаъ афзуд, ки ҳукми онҳо ҳанӯз 18 март паси дарҳои баста эълон шуд ва 4 июн додгоҳи марҳилаи кассатсионӣ низ ҳукмашанро бетағйир гузошт.
Шӯҳрат Исматуллоев моҳи июни соли гузашта рабуда шуд ва пас аз шиканҷаи зиёд кушта шуд. Ҷасади ӯро бо гузашта беш аз як моҳ дар Панҷакент аз дарё пайдо карданд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:30

Эрон ҳавопаймои ватании "Симурғ" -ро озмоиш кард.

Ҳавопайморо ширкати маҳаллии HESA васл карда буд, аммо бархе аз қисматҳо аз хориҷа ворид гардида буд, хабар медиҳад Tasnim.
Бояд гуфт, вазифаи эҷоди як ҳавопаймо барои вазорати дифоъи Эронро мустақиман раисиҷумҳури марҳум Раисӣ гузошта буд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:00

Дар Тоҷикистон сардухтури санитарӣ иваз шуд.

Ҳоло дар ин мақом Саид Давлатзода кор мекунад. Ӯ Наврӯз Ҷаъфаровро иваз кард, ки муовини раиси Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ таъйин шуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:30

Сафири Тоҷикистон дар Русия хостори зиёд намудани бурсияҳо барои шаҳрвандон дар Донишгоҳи Қазон шуд

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо президенти Донишгоҳи федералии Қазон Рияз Минзарипов вохӯрӣ намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба омода кардани мутахассисони баландпоя, гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, зиёд намудани бурсияҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон табодули афкор карданд.
Ҳамчунин дар ин дидор масоили марбут ба таълими донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар ин муассиса, аз ҷумла вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо матраҳ гардид.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:00

Рустами Эмомалӣ раисони Шӯрои Федератсия ва Думаи давлатии Русияро бо Рӯзи Русия табрик гуфт.

Раиси парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе дар номае ба Валентина Матвиенко ва Вячеслав Володин зикр кардааст, ки Тоҷикистон ҳамеша аз дастовардҳои шарики стратегӣ ва муттаҳиди худ истиқбол мекунад.
Рустами Эмомалӣ таъкид кард, ки рушди минбаъдаи равобити байнипарлумонӣ дар оянда ба таҳкими равобити дӯстонаи кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:30

Тоҷикистон ба сармоягузорони рус лоиҳаи шаҳри ҳушмандро муаррифӣ кард.

Дар шаҳри Душанбе мулоқоти директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод бо намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ лоиҳаҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» муаррифӣ гардиданд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:00

Баргузории шаби Садриддин Айнӣ дар Теҳрон бо ҳузури пажӯҳишгарон аз Эрон ва Тоҷикистон

Ин маросими сешанбе 18 июн бо ҳузур ва суханронии Низомуддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ва шахсиятҳои фарҳангӣ аз ҷумла Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Алии Деҳбошӣ, мудири масъули маҷаллаи дар Хонаи ҳунармандони Эрон баргузор мешавад.
Садриддин Айнӣ аз бузургтарин нависандагон ва адибони забони форсӣ- тоҷикӣ дар оғози садаи бистум ва нахустин раиси Академияи улум Тоҷикистон (1951 то 1954 мелодӣ) будааст.Айнӣ яке аз нахустин сарояндагони шеъри нави форсӣ-тоҷикӣ ва аз пешгомони адабиёти навини форсӣ- тоҷикии Вароруд ба шумор меояд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:30

Забҳи мол дар Иди Қурбон аз фаризаҳои муҳими ҷашни исломӣ мебошад.

Чӣ навъи чорво бояд дар Иди Қурбон забҳ шавад аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:00

Тоҷикистон мухолифи кори гурӯҳи СҲШ-Афғонистон нест.

Дар ин бора Аҳмад Саидмуродзода, иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози миллии ҷумҳурӣ дар умури СҲШ изҳор дошт.
"Тоҷикистон дар доираи СҲШ пайваста зарурати баррасии мушкилоти Афғонистонро таъкид мекунад, ки дар мавриди фаъолияти гурӯҳи тамос, ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ мухолифи азсаргирии кори ин механизм набуд", - таъкид намуд ӯ.
Қаблан, Замир Кобулов гуфт, ки Русия ва аксари ширкаткунандагони ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ ба тарафдории азсаргирии кори гурухи тамос баромад, вале тарафи Точикистон шубха дошт. Кобулов изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик мавқеъашро нарм мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:23

ИИАО рекордҳои нав гузошт.

🔸 Мубодилаи мол миёни кишварҳои иттиҳод дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 7% афзуда, ба 2 трлн рубл расид.
🔸 Афзоиши ММД дар ин муддат беш аз 5% буд.
Дар ин бора муовини раиси Вазорати рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач иттилоъ додааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:00

Меҳмонхонаи "Хуҷанд" дар шаҳри Бӯстон симои нав мегирад.

Дар шаҳри Бӯстон меҳмонхонаи "Хуҷанд" навсозӣ мешавад.
Меҳмонхонаи "Хуҷанд" азнавсозӣ гардида, кӯле, ки дар шафати он қарор дорад, ба таъмир фаро гирифта хоҳад шуд.
Кӯли шаҳри Бӯстон ба минтақаи истироҳативу фароғатӣ табдил дода шуда, шӯҳрати пешинаи он барқарор карда мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:30

Корхонаи “Апрелевка” таъмири роҳи шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон оғоз кард.

Дар маросими оғози корҳои таъмиру тармими роҳи асосии шаҳрак Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок дошт.
Роҳи мазкур бо саҳмгузории корхонаи «Апрелевка» ва дастгирии сокинон ба масофаи наздик 7 км ба таъмири ҷорӣ фаро гирифта хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, зиёда аз 5000 метри мураббаъ асфалтпӯш карда мешавад.
Дар Ҷамоати шаҳраки Консой зиёда аз 6 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:00

Тоҷикистониён дар Иди Қурбон чанд рӯз истироҳат хоҳанд кард?

Тибқи қавонини Тоҷикистон агар рӯзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъд аз рӯзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад.
Бо ҳамин назардошт, барои кормандоне, ки реҷаи 5 рӯзаи ҳафтаи корӣ доранд, 15 июн (шанбе), 16 июн (якшанбе - Рӯзи Иди Қурбон) ва 17 июн (душанбе) рӯзҳои истироҳатӣ ҳисобида мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:30
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:00

Дар вилояти Хатлон никоҳ кам шудаасту талоқ зиёд

Тибқи иттилои Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон, дар 5 моҳи соли равон дар шаҳру навоҳии вилоят 9856 никоҳ ба қайд гирифта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1599 адад кам шудааст.
Мақомоти Хатлон бо изҳори таасуф қайд мекунад, ки аз аввали сол то инҷониб дар вилояти Хатлон 908 бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои Шуъбаи асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар вилоят, дар давоми соли ҷорӣ бекоршавии ақди никоҳ дар ноҳияҳои Шаҳритус (22 адад) ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (3 адад) нисбати дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:30
Показать ещё