Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 18:30

Эълони роҳбандии семоҳа дар бархе аз ҷодаҳои Душанбе.

Шаҳрдории Душанбе қарори марбутаи раиси пойтахт, Рустами Эмомалиро нашр намуда, сабаби роҳбандиро ба анҷом додани корҳои таъмирӣ дар кӯчаи Шамсӣ рабт дод.
Таъкид шудааст, ки маҳдудият аз хиёбони Бобоҷон Ғафуров то хиёбони Абӯалӣ Сино, аз 29 май то 20 августи соли равон амал хоҳад кард.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 17:05
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 16:22
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:10
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:05

Имрӯз ИИАО 10-солагӣ дорад.

Созишномаи таъсис дар соли 2014 миёни Русия, Белорус ва Қазоқистон имзо шуда буд.
Пас аз як сол Арманистон ва Қирғизистон ба он ҳамроҳ шуданд.
Тавре президенти Русия Владимир Путин борҳо қайд кард, ММД иттиҳодия дар ин муддат ба $2,4 трлн афзоиш ёфтааст.
Муфассалтар дар инфографикаи @sputniklive хонед.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:25

10-солагии таъсисёбии ИИАО.

29 майи соли 2014 руасои ҷумҳури Русия, Белорус ва Қазоқистон Созишномаи таъсиси ин созмонро имзо карданд ва дар соли 2015 Арманистон ва Қирғизистон ба он шомил шуданд.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии иттиҳодия дар тӯли 10 соли фаъолият аз $1,6 трлн ба $2,4 трлн афзоиш ёфтааст.
Дар Арманистон он - 128 %, дар Белорус - 30 %, Қазоқистон - 42 %, дар Қирғизистон - 109 %, дар Русия - 49 % афзуд.
Дар тӯли мавҷудияти ИИАО, гардиши мол байни аъзоён тақрибан ду баробар афзуда, дар соли 2023 ба 87,5 миллиард доллар расид.
Савдо бо мамолики сеюм низ 60 % афзуд. Он ба 923 миллиард доллар расид.
01:04
ИИАО
57 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:28

Тоҷикистон 35 гузаргоҳи сарҳади давлатӣ дорад.

Ба иттилои расмӣ, аз ин миён 5 гузаргоҳи ҳавоӣ, 4 гузаргоҳи роҳи оҳан, 25 гузаргоҳи автомобилӣ ва 1 гузаргоҳи дарёӣ мебошанд, ки феълан фаъолият доранд.
Аз ин шумора 25 гузаргоҳи сарҳадӣ дорои мақоми байналмилалӣ ва 10 гузаргоҳ дуҷониба мебошад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:58

Дар кӯҳҳои Тоҷикистон як варзишгари қазоқ ба ҳалокат расид.

Дар ин бора КҲФ хабар дода, афзуд, ки фоҷиа дар ҳудуди ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат рух дод.
Ҳангоми парвоз Рафаэл Насирови 56-сола, варзишгари параплан аз Қазоқистон ба садама дучор шуд.
Пас аз корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади ӯро дар кӯҳистони наздикии деҳаи Явроз пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд, хабар медиҳад Кумита.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:00

Тоҷикистон дар риштаи ҷудо 6 роҳхати олимпӣ гирифтаст, ки нишондоди таърихӣ мебошад.

Бар асоси холҳои гирифта, ба Бозиҳои Олимпии Париж -2024 паҳлавонҳои зер хоҳанд рафт:
🔸дар вазни 60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов аз тариқи квота
🔸дар вазни то 66 кг Эмомалии Нуралӣ
🔸дар вазни то 73 кг Беҳрӯз Хоҷазода
🔸дар вазни то 81 кг Сомон Маҳмадбеков
🔸дар вазни то 90 кг Комроншоҳ Устопириён
🔸дар вазни беш аз 100 кг Темур Раҳимов
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:00

Дар Тоҷикистон тайи солҳои охир 120 дидбонгоҳи нав бунёд ва даҳҳои дигар навсозӣ шуданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо марзбонҳо гуфт, танҳо соли 2023-юм 75 иншооти сарҳадӣ бо шароити беҳтарини зиндагиву хизмат бунёд ва ба истифода дода шуд.
Умуман, дар зарфи сӣ сол барои Қӯшунҳои сарҳадӣ 505 иншоот бунёд карда шуд, ки ҳамаи онҳо бо шароити зарурӣ таъмин мебошанд, афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:15

Пули аттестат 8,6 сомонист, аз он зиёд ғайриқонунист.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон маблағи ҳуҷҷатҳои хатмро дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣиро соли равон 8 сомонию 63 дирам гуфт.
Дар ҳолати аз ҷониби масъулони муассисаҳои таълимӣ зиёд талаб намудани маблағ, шикояти худро тариқи телефони боварии Вазорати маориф ва илм - 227-76-86 ва ё тариқи почтаи электронӣ пешниҳод намоед, таъкид намудаст ин ниҳод.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:45

Агар иқтисоди Ӯзбекистон ба ИИАО шомил шавад, ҳама фоида мебинанд.

Владимир Путин дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ пас аз сафараш ба Ӯзбекистон хабар дод.
"Агар иқтисоде мисли иқтисоди Узбакистон ба ин иттиҳод шомил шавад, ман фикр мекунам, ки иттиҳод аз ин манфиат хоҳад гирифт", - гуфт Путин.
Вай қайд кард, ки вақте ИИАО таъсис ёфт, ихтилофи зиёде дар мавриди фароҳам овардани шароит вуҷуд дошт, аз ин рӯ, ҳоло бо Ӯзбекистон ин раванд ҳамвор аст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:10

То 800 сомонӣ дар як рӯз: Нарх ва ҷойҳои истироҳат дар Тоҷикистон.

Тоҷикистон осоишгоҳ ва табобатгоҳҳои замонавӣ дорад, ки дар онҳо шароити истироҳату барқарор кардани саломатӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон маълумот дар бораи нарху навои панҷ осоишгоҳ гирд оварда шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:20

Русия дар эътирофи Толибон* назари шариконаш дар минтақаро ба эътибор мегирад.

Ба ин нукта раисҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни сафараш ба Ӯзбекистон ишора карда, афзуд, ки масъалаи эътирофи Толибон* пайваста муҳокима мешавад.
Дар Афғонистон мушкилоте вуҷуд доранд, ки ба ҳама маълум ҳастанд, аммо бо ҳукумати амалӣ бояд равобит барқарор кард.
*-Барои амалҳои террористиаш зери таҳримҳои СММ қарор дорад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:55

Масъулини ИДМ дар Душанбе санади нави ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирату амният имзо карданд

Дар доираи ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии ИДМ дар Душанбе Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ бо Маркази зиддитеррористии ИДМ имзо шуд.
Дар ин бора Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки Шурои мазкур бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷират ва паёмадҳои он барои рушди иқтисодӣ ва амнияти миллии давлатҳои иштирокчии ИДМ таъсис дода шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:35

ИИАО ҳамкориҳоро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш медиҳад.

Ба ин тартиб, Ӯзбекистон қасд дорад бо ин иттиҳод равобити тиҷоративу иқтисодиро густариш диҳад.
Дар ин бора Русия низ кумак хоҳад кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:15

Кишварҳои ИДМ бояд базаи ягонаи ҷинояткоронро фаъолона пур кунанд.

Аммо ҳоло баъзе иштироккунандагон ин талабҳоро сарфи назар мекунанд. Ба ин мушкилот муовини аввали вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Александр Горовой дар як нишаст дар Душанбе ишора кард.
"Ин маълумот барои пешгирии қонунигардонии ҷинояткорони хатарнок дар қаламрави давлатҳои мо ва гирифтани мақоми муҳоҷирати дарозмуддати онҳо мусоидат мекунад", - қайд кард ӯ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:25

Душанбе бо Маскав корбарӣ дорад, то тоҷикистониҳо дар Ватан патенти кор дар Русияро гиранд.

Ҳар ду ҷониб ҷиҳати дар муддатҳои наздик ба роҳ мондани гузаштани муоинаи тиббӣ, супоридани имтиҳонҳо, гирифтани маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи барномаҳои Русия кор карда истодаанд, иттилоъ дод Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки ҳамаи ин барои гирифтани патент ва фаъолияти қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия замина мегузорад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:50

Ҳушдори ҳавошиносон аз ду рӯзи хатарнок дар Тоҷикистон

Рӯзҳои 29 ва 30 май дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи ВМКБ эҳтимоли селхезиҳо дар назар аст.
Ба иттилои Агентии ҳавоошиносии кишвар, 29 май сатҳи оби дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Вахш, Яхсу, Қизилсу ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд - Варзоб, Лучоб, Харангон, Рамит, Элок боло меравад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:20

Кишти пахта дар Тоҷикистон 97% иҷро шуд.

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, аз аввали мавсим дар майдони 184 411 га пахта кишт шудааст.
Ин ниҳод раванди кишти пахтаро дар ду вилоят ва НТҶ чунин арзёбӣ кард:
🔸Хатлон – 122 527 гектар
🔸Суғд – 59 638 гектар
🔸НТҶ – 2 246 гектар.
Показать ещё