Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 15 февраля в 11:35

Ҷиноятҳои таҷовус ба номус ва авбошӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 1414 ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба як соли пеш 187 ҳолат бештар аст.
Ҳамчунин 47 ҷинояти таҷовуз ба номус дар як соли гузашта сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022, 10 ҳолат зиёдтар аст.
Дар умум бошад, давоми як соли сипаришуда 21319 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 17:17

Аз пироҳани мухлитон бо акси президент то парчамдории Сомон ва ҳунарманамоии Фаррух.

Рӯзи дуюми мусобиқаи байналмилалии "Dushanbe Grand Slam 2024" бо як нишони нуқраи Беҳрӯз Хоҷазода ҷамъбаст гардид.
Хабарнигори @Sputnik_Tajikistan беҳтарин аксҳо аз рӯзи дуюми мусобиқа барои ҳамвандони мо сабт намуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 16:01

Беҳрӯз Хоҷазода медали нуқраи "Dushanbe Grand Slam 2024" -ро ба даст овард.

Бо ҳамин натиҷа рӯзи дуввуми ин мусобиқа барои ҷудокрони тоҷик анҷом ёфт.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 15:05

Муомилоти моли чакана дар мамлакатҳои ИИАО дар давоми сол 6% афзуд.

Русия баландтарин нишондиҳанда дорад.
Муфассалтар дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan бубинед.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:15

Русия содироти шакар ба кишварҳои дигарро қатъ мекунад.

Девони вазирон хабар дод, ки мамнӯъият то 31 август идома мекунад.
Ҳамзамон, таҳвили маҳсулот дар баъзе ҳаҷмҳо ба кишварҳои ИИАО идома хоҳад ёфт.
Бояд гуфт Тоҷикистон шакарро асосан аз Русия харидорӣ мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:05
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:11

Беҳрӯз ба финал баромад.

Дар даври нимниҳоӣ Хоҷазода аз ҷудокори ӯзбек Муҳаммад Ҷумаев дастболо шуд ва ба финал роҳхат гирифт.
00:45
Беҳруз финал
158 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:05
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:02

Беҳрӯз бо шикаст додани ҳарифи муғулаш ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври нимниҳоӣ Беҳрӯз бо ҷудокори ӯзбекистонӣ нерӯ месанҷад.
00:24
Беҳрӯз
102 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:30

Беҳрӯз Хоҷазода ба даври сеюм роҳ ёфт.

Ҷудокори тоҷик дар даври аввал озод буд ва рақобаташ аз даври дуюм шурӯъ шуд.
Ӯ ҳарифи баҳрайнии худ Биаслан Блимгатов шикаст дод ва роҳашро ба даври навбатӣ ҳамвор кард.
00:24
Беҳрӯз
63 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:22

Саъдулло Раҳмимов, фарҳангшинос ва киношиноси машҳури тоҷик даргузашт.

Дар ин бора яке аз шогирдони марҳум ба @Sputnik_Tajikistan хабар дод.
"Устод тайи ҳафтаи ахир дар беморхонаи Қарияи боло табобат мегирифту ахиранд ҷарроҳи шуданду вазъашон каме нохуб буд. Бомдоди имрӯз хабар расид, ки фавтидаанд",- афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки Раҳимовро дар қабристони “Каленин” дафн хоҳанд кард.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:15

Кишварҳои ИИАО ба эътирофи мутақобилаи унвонҳои илмӣ шурӯъ карданд.

Минбаъд ҳуҷҷатҳои миллӣ дар бораи дараҷаи илмии шаҳрвандони кишварҳои "панҷгона"-и АвруОсиё барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ дар давлати дигари иттиҳод ба таври худкор эътироф мегарданд.
Истисно корҳое мебошанд, ки дар онҳо ёрдампулиҳои давлатӣ ё имтиёзҳо барои дараҷаи илмӣ муқаррар шудаанд.
"Созишнома ба баланд бардоштани ҳаракати мутахассисони баландихтисос нигаронида шудааст ва ба рушди озодии ҳаракати захираҳои меҳнатӣ мусоидат хоҳад кард", - таъкид кард КИАО.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:50

Муҳаммад ибни Салмон ба Раҳмон нома фиристод.

Сафири Арабистони Саудӣ дар Душнабе номаи раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон Оли Саудро ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон супурд.
Вазорати корҳои хориҷа ҷузъиёти мундариҷаи номаро ифшо накард.
Зикр гардид, ки Муҳриддин бо сафир масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:11

Обид Ҷебов барандаи медали нуқраи "Dushanbe Grand slam-2024" шуд.

Дар финали мусобиқа паҳлавони тоҷик Обид Ҷебовро ҷудокор аз Туркманистон мағлуб кард.
Ҳамин тариқ, нахустин рӯзи мусобиқаи мазкур барои Тоҷикистон пурбор буд, зеро варзишгарони мо тавонистанд як медали тило, як нуқра ва як биринҷиро ба хазинаи варзишӣ ворид кунанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:10

Нахустин эстакада дар Бохтар исмол ба истифода дода мешавад.

Сохтмони эстакада моҳи августи соли 2023 оғоз гардид ва интизор меравад имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Ҳадаф аз бунёди эстакада пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ ва бехатарии сокинон дар назди чороҳаи бозори НИХИ гуфта мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:03

Тоҷикистон аз "Dushanbe Grand Slam 2024" боз як медали дигар гирифт.

Нишони биринҷиро ба хазинаи варзишии кишвар Муллораҷаб Халифаев овард.
Ӯ ҳарифи ӯзбекистонии худро мағлуб кард ва нишони биринҷиро ба гардан овехт.
00:09
Халифаев
86 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:40

Дар Хатлон 18 ҳазор шаҳрванди Туркманистон ба сар мебаранд.

Дар ин бора мақомоти вилояти Хатлон хабар дода, афзуд, ки дар вилоят6 мактаби туркманӣ-тоҷикӣ фаъолият доранд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:35
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:23

Қувватов ҳам медали тило гирифт ва ҳам сазовори 1000 имтиёзу 5000 доллар шуд.

Ин ҷудокори тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон нахустин медали тило аз мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2024" овард.
00:08
Қувватов
171 просмотр
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:10

Ташаббуси Раҳмон дар бораи эълони Рӯзи байналмилалии морхӯр аз ҷониби СММ пазируфта шуд.

Ба иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон қатъномаи дахлдор дар СММ бо иттифоқи оро пазируфта шуд.
Бо қабул гардидани қатъномаи мазкур рӯзи 24 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон гардид.
Морхӯр яке аз ҳайвонҳои нодири минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба шумор меравад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:57

Қувватов барандаи нишони тилои Dushanbe Grand Slam 2024 шуд.

Показать ещё