Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 15 февраля в 11:35

Ҷиноятҳои таҷовус ба номус ва авбошӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 1414 ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба як соли пеш 187 ҳолат бештар аст.
Ҳамчунин 47 ҷинояти таҷовуз ба номус дар як соли гузашта сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022, 10 ҳолат зиёдтар аст.
Дар умум бошад, давоми як соли сипаришуда 21319 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:15

Кишварҳои ИИАО ба эътирофи мутақобилаи унвонҳои илмӣ шурӯъ карданд.

Минбаъд ҳуҷҷатҳои миллӣ дар бораи дараҷаи илмии шаҳрвандони кишварҳои "панҷгона"-и АвруОсиё барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ дар давлати дигари иттиҳод ба таври худкор эътироф мегарданд.
Истисно корҳое мебошанд, ки дар онҳо ёрдампулиҳои давлатӣ ё имтиёзҳо барои дараҷаи илмӣ муқаррар шудаанд.
"Созишнома ба баланд бардоштани ҳаракати мутахассисони баландихтисос нигаронида шудааст ва ба рушди озодии ҳаракати захираҳои меҳнатӣ мусоидат хоҳад кард", - таъкид кард КИАО.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:50

Муҳаммад ибни Салмон ба Раҳмон нома фиристод.

Сафири Арабистони Саудӣ дар Душнабе номаи раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон Оли Саудро ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон супурд.
Вазорати корҳои хориҷа ҷузъиёти мундариҷаи номаро ифшо накард.
Зикр гардид, ки Муҳриддин бо сафир масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:11

Обид Ҷебов барандаи медали нуқраи "Dushanbe Grand slam-2024" шуд.

Дар финали мусобиқа паҳлавони тоҷик Обид Ҷебовро ҷудокор аз Туркманистон мағлуб кард.
Ҳамин тариқ, нахустин рӯзи мусобиқаи мазкур барои Тоҷикистон пурбор буд, зеро варзишгарони мо тавонистанд як медали тило, як нуқра ва як биринҷиро ба хазинаи варзишӣ ворид кунанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:10

Нахустин эстакада дар Бохтар исмол ба истифода дода мешавад.

Сохтмони эстакада моҳи августи соли 2023 оғоз гардид ва интизор меравад имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Ҳадаф аз бунёди эстакада пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ ва бехатарии сокинон дар назди чороҳаи бозори НИХИ гуфта мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:03

Тоҷикистон аз "Dushanbe Grand Slam 2024" боз як медали дигар гирифт.

Нишони биринҷиро ба хазинаи варзишии кишвар Муллораҷаб Халифаев овард.
Ӯ ҳарифи ӯзбекистонии худро мағлуб кард ва нишони биринҷиро ба гардан овехт.
00:09
Халифаев
58 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:40

Дар Хатлон 18 ҳазор шаҳрванди Туркманистон ба сар мебаранд.

Дар ин бора мақомоти вилояти Хатлон хабар дода, афзуд, ки дар вилоят6 мактаби туркманӣ-тоҷикӣ фаъолият доранд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:35
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:23

Қувватов ҳам медали тило гирифт ва ҳам сазовори 1000 имтиёзу 5000 доллар шуд.

Ин ҷудокори тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон нахустин медали тило аз мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2024" овард.
00:08
Қувватов
101 просмотр
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:10

Ташаббуси Раҳмон дар бораи эълони Рӯзи байналмилалии морхӯр аз ҷониби СММ пазируфта шуд.

Ба иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон қатъномаи дахлдор дар СММ бо иттифоқи оро пазируфта шуд.
Бо қабул гардидани қатъномаи мазкур рӯзи 24 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон гардид.
Морхӯр яке аз ҳайвонҳои нодири минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба шумор меравад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:57

Қувватов барандаи нишони тилои Dushanbe Grand Slam 2024 шуд.

Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:35
00:31
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:09

Путин Раҳмонро ба Маскав даъват кард.

Кремл хабар дод, ки президенти Тоҷикистонро Владимир Путин барои ҷашни 9 май ба Маскав даъват намуд.
"Масъалаҳои иштироки муштарак дар тантанаҳои бахшида ба Рӯзи Ғалаба баррасӣ шуданд", - шарҳ дод Кремл.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:03

Путин ва Раҳмон масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ карданд.

Кӯшишҳои ба таври сунъӣ ташдид додани вазъ дар атрофи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия якҷоя пешгирӣ карда мешаванд, гуфтанд президентҳо зимни суҳбати телефонӣ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:40

Аҳмадзода аз мушкилоти обёрӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ шинос шуд

Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ӯ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии ноҳия шинос гардид.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:05

Бори аввал дар таърих як комиссар - зан дар бозии Лигаи олии Тоҷикистон кор мекунад.

Ва ин Хурбибӣ Варданян - собиқ бозигари тими миллии занони Тоҷикистон аст.
ФФТ хабар медиҳад, ки вай рӯзи 5 май дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии "Барқчӣ" ва "Хуҷанд"-ро тамошо мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:20

Cобиқ сарвазири Украина гуфт, кишвар метавонад аз байн равад

Украинаи феълӣ як “гурӯҳи бандитӣ” аст ва агар масъулони табаддулотро муҷозот накунад, он ҳамчун давлат аз байн хоҳад рафт.
Ин нуктаро сарвазири собиқи Украина, Николай Азаров дар саҳифааш дар Telegram баён дошт.
Ба андешаи ӯ, Украина "бо чунин шахсиятҳои ҳоким" ояндае надорад.
Вай қайд кард, ки ҳоло дар кишвар "театри комилан бемаънӣ" вуҷуд дорад, ки Владимир Зеленский метавонад ҳар ҳуҷҷатеро, ки мехоҳад, имзо кунад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:55

Тоҷикистон тасмим дорад воридоти доруро аз хориҷ кам кунад.

Бо ин мақсад парлумони Тоҷикистон созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати кишвар бо ширкати "Разес Фарма" дар бораи сохтмон ва истифодаи маҷмааи истеҳсоли маводи дору ва молҳои тиббӣ ба тасвиб расонд.
Мақомот ба кор даровардани ин корхонаро муҳим медонад.
"Дар оянда он талаботи кишварро бо маводи доруворӣ, аз ҷумла доруҳо дар шакли ҳаб, капсула, шарбат, суспензия, маҳлулҳои даҳонӣ, крем, гел, сӯзандоруҳои равғанӣ дар ҳаҷми муайян таъмин месозад", - қайд намудааст мақомот.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:24

Ҷебов бо мағлуб кардани ҳарифи ӯзбекаш ба финал баромад.

Акнун дар финал ҷудокори тоҷик бо ғолиби ҷуфти ҷудокорони Ӯзбекистон ва Туркманистон нерӯ месанҷад.
00:25
Обид Ҷебов
88 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:15

Ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2024” дар Душанбе.

Дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Беларус, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон, Чин, Покистон ва Туркия маҳсулоташонро муаррифӣ мекунанд.
Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо намоянд.
Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:45

Ҷебов ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Ҷудокори тоҷик бо иппон бар ҳарифи қазоқаш дастболо шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифт.
Рақиби навбатии ӯ Абдураҳим Нутфуллоев намояндаи Ӯзбекистон аст.
00:41
Ҷебов
55 просмотров
Показать ещё