Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 17:25

Оё ҳангоми ҳаҷ фавтидан савоб дорад?

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ба @Sputnik_Tajikistan гуфт, аз ин ки аҷсоди афроди фавтида ба ҳангоми адои ҳаҷ ба ватан баргардонида намешаванд, набояд ин хулосаро кард, ки фармуда ё ҳикмати хосе дар ин ҳаст.
Ӯ гуфт, тибқи қавонини Арабистони Саудӣ ҳар кас, ки ҳангоми адои ҳаҷ мемирад бояд дар онсарзамини муқаддас дафн шавад.
Бархеҳо бар ин боваранд, ки агар мусулмон ҳангоми адои ҳаҷ бимирад, мустақим ба ҷаннат меравад ва ҳам тамоми гуноҳони ӯро Худованд мебахшад, вале Абдулқодирзода гуфт, ки ин чунин нест.
"Дар Қуръон ба сароҳат омадааст, ки ба ҷони худ ҷабр накун ва инсон ҳар куҷое, ки бимирад, дар он дунё вобаста ба амал
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:00

Дар Брест хонандагони мактабҳои миёнаи тоҷик "Поезди хотира"-ро пешвозгирифтан.

Онҳо ҳамроҳи ҳамсолони худ аз дигар мамлакатҳхои ИДМ бо хатсайри махсус сафар карда, аз ҷойҳои фаромӯшнашавандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дидан мекунанд.
Аз ҷумла Оромгоҳи аскари номаълум дар Москва, ёдгориҳои Ленингради муҳосирашуда ва муҷассамаи "Ватан даъват мекунад!" дар Волгоград тамошо мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:55

Милитсияи Душанбе ҷавондухтарро барои нашри аксҳои нимурёни худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастгир кард.

Алайҳи ӯ ба кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрвандон шикоят намуданд ва дар асоси шикояти онҳо ин духтар дастгир шуд.
Ӯ 26 сол дорад ва ба хотири зиёд кардани ҳамвандон дар шабакаҳои иҷтимоии худ наворҳои нимурёну ғайриахлоқиро нашр мекард.
Феълан нисбаташ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба суд ирсол шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:55
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:40

Шумораи зиёди сайёҳони тоҷик Ӯзбекистонро интихоб мекунанд.

Дар 5 моҳи соли равон беш аз 871 ҳазор нафар азТоҷикистон ба Ӯзбекистон ташриф оварда, хабар медиҳад Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Ин кишвар дар байни қирғизҳову қазоқҳо низ маъруф аст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:58
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:05

Парда Қосим овозхони шинохтаи Тоҷикистон даргузашт.

Марҳум унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон дошта, дар 76-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Иллати марги ӯ ва ҷанозааш ҳоло эълон нашудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:10

Дар Тоҷикистон чор рӯзи охири моҳи июн истироҳатӣ аст.

Ва ин ҳам ба хотири Рӯзи Ваҳдати миллӣ аст, ки 27 июн ҷашн гирифта мешавад.
Ба иттилои Федератсияи иттифоқҳои касаба рӯзи 22 июн, ки шанбе аст, рӯзи корӣ буда, аз рӯзи 27 то 30 июн рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудааст.
Маълумоти пурратар дар тасвирбаёни @Sputnik_Tajikistan
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:20

Тоҷикистон ба ҳалқаи энергетикии Осиёи Марказӣ баргашт.

Далер Ҷумъа дар ҷаласаи СҲШ гуфт, Тоҷикистон ба системаи ягонаи энержӣ, ки соли 2009 аз он хориҷ шуда буд, дубора пайваст мешава.
"[Лоиҳа] имкон медиҳад, ки имкони пурраи ҷараёнҳои мутақобилан судманди барқ] истифода шавад ва ҳамзамон эътимоднокии системаи энергетикии минтақаро тақвият бахшад", - гуфт вазир.
Қаблан онҳо нақша доштанд, ки ин системаро дар ғарби кишвар дубора васл кунанд ва дар мавриди бунёди хатти нав дар марз бо Узбакистон низ музокирот сурат гирифта буд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:40

Тоҷикистон фурӯши “либосҳои хориҷӣ”-ро расман манъ кардааст.

Пас аз тасвиб дар парлумон ин қонунро Эмомалӣ Раҳмон имзо кард.
Ҳоло дар кишвар на танҳо баргузории идгардак, балки ворид ва тиҷорати “либосҳои бегона”, умдатан ҳиҷоби арабӣ низ ғайриимкон аст.
📄 Ҳадаф аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ҳифзи фарҳанги миллӣ, ҷилавгирӣ аз хурофот ва исрофкорӣ дар ҷашну маросимҳо мебошад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:00

Тоҷикистон қасд дорад, 70% барқи "Роғун"ро фурӯшад.

Аммо ин кор танҳо пас аз ба иқтидори пурра расидани нерӯгоҳи мазкур амалӣ мешавад, изҳор дошт Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон дар нишасти вазирони энержии кишварҳои СҲШ дар Остона.
Ба таъкиди ӯ, 70% нерӯи барқ ба кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Ӯзбекистону Қазоқистон, ки аллакай дар ин самт ёдошти ҳамкорӣ имзо шудааст, содирот хоҳад шуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:15

Ятимов тамринҳоро дар дастаи "Ростов" шуруъ кард.

Собиқ дарвозабони тими "Истиқлол" бо дастаи футболи "Ростов" шартномаи панҷсола тасвиб намуда буд.
Маблағи гузариши дарвозабони тоҷик зиёда аз $250 000 ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабон ва беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2023 мебошад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:50

Тоҷикистонро дар мусоиқаи шоҳмоти бозиҳои БРИКС Надежда Антонова муаррифӣ мекунад.

Сабқати шоҳмот дар Технопарки ба номи Башир Рамеев аз 17 то 22 июн идома мекунад.
Шоҳмотбозон барои ба даст овардани шаш маҷмӯи медалҳо дар намуди шоҳмоти классикӣ, зудбозӣ ва барқвор рақобат мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:25

Дар бозиҳои БРИКС муштзани тоҷик ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Парвиз Каримов намояндаи Чинро мағлуб кард ва акнун бо муштзани рус нерӯ месанҷад.
Бозиҳои БРИКС аз 12 то 23 июн дар шаҳри Қазони Русия давом ёфта, дар он 4751 варзишгар аз рӯи 27 намуди варзиш рақобат мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:50

Вазирон умури хориҷии СПАД дар бораи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба мувофиқа расиданд.

Ҳамчунин дар нишасти Алмаато 4 изҳорот қабул шуд:
🔸изҳорот дар бораи масъалаҳои актуалии тадқиқ ва ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани фазои кайҳонӣ;
🔸Изҳорот ба муносибати 80-солагии аз истилогарони фашистӣ озод карда шудани Белорус;
🔸изҳорот дар бораи вазъияти Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ;
🔸баёнот оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти байналмилалии иттилоотӣ
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:17

Дар Алмаато нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви СПАД оғоз мешавад.

Вазирон масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.
00:17
Нишасти СПАД
106 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:45

Давоми қариб 6 моҳ дар Хатлон 40 нафар ғарқ шудааст.

Тибқи иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, давоми 5 моҳу 20 рӯзи соли 2024 дар ҳудуди вилояти Хатлон 40 ҳолати ғарқшавии сокинон ба қайд гирифта шудааст, ки 17 нафарашон ноболиғон, 12 нафар хурдсолони то синни мактабӣ ва 11 нафар мебошанд.
Бо мақсади пешгирӣ аз талафоти ҷонӣ ва ҳодисаҳои ғарқшавӣ, шуруъ аз 20 июн дар ҳудуди вилояти Хатлон амалиёти рамзӣ бо номи «Наҷот» роҳандозӣ карда шуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:05

Русия дар бораи тағйироти эҳтимолии доктринаи ҳастаии худ фикр мекунад - Путин.

Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:24
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 20 июня в 18:00

Тӯй, идгардак ва ҳаҷ - пас аз қабули ислоҳи нав тоҷикистониҳоро чӣ интизор аст.

Тағйирот ба қонун дар бораи маросим ва анъанаро Эмомалӣ Раҳмон имзо кард.
Туйҳо. Ҳамин тавр, ҳоло ба навхонадорон танҳо 2 ҷашн иҷозат дода мешавад ва беҳтар аст, ки "боқимондаи пулро барои хайрия захира кунед".
Идгардак. Қазичяи манъи идгардаки кӯдакон низ идома дошт ва ин мамнуъиятро палатаи болоии парлумон тасдиқ кард.
Ҳаҷ. Ҳоҷиёнро акнун танҳо дар доираи оила бояд истиқбол гирифта шаваду халос.
Показать ещё