Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:58

Қурби сомонӣ дар бозори арзи Русия боло рафтааст.

Тафсилоти тағйироти пулии миллии Тоҷикистон дар бозори пули Маскав дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:37

Пойтахти Тоҷикистон ёдгориҳои зиёде аз қаҳрамонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дорад.

Дар баробари муҷассамаҳо, бисёре аз кӯчаю хиёбонҳои Душанбе ба номи қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузошта шудаанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:21
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:20

Дар Суғд ба таври густарда аз шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёд карданд.

Баргузории ҷашни Ғалаба василаи тарбияи ватандӯстӣ барои насли ҷавон аст, гуфт раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Исохӯҷа Каримхӯҷаев.
"Ҷавонони бояд аз корномаҳои шоёни бобову бобокалонҳои худ дар ҷанг огоҳ гардида, худ барои ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омода ва содиқ бошанд", - қайд намуд ӯ.
01:32
Чашн Худжанд
39 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:26

ИИАО яке аз марказҳои ҷаҳони бисёрқутбӣ хоҳад буд.

Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни ҳамоиши сарони кишварҳои узви иттиҳодия дар 10-уми солгарди таъсиси созмон баён дошт.
Дар давоми 10 соли охир ИИАО худро ҳамчун сохтори худкифоя, муассир ва динамикӣ муаррифӣ кард.
"Мо бо камоли қаноатмандӣ қайд мекунем, ки иттиҳодияи мо худро ҳамчун яке аз марказхои мустақил ва худкифои ҷаҳони бисёқутбии ташаккулёбанда муаррифӣ кард", - гуфт ӯ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:55

НАТО омода аст аз ҷой додани нирӯҳояш дар Украина даст кашад.

Эъломияи дахлдор метавонад дар нишасти моҳи июли паймон имзо шавад, навиштааст Corriere della Sera,
"Дар ин замин мӯза нахоҳад буд", - ин ибора яке аз ибораҳои калидии ҳуҷҷат хоҳад шуд, навиштааст нашрия.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:23

Раисони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ дар марзро баррасӣ карданд

Гуфтушунид дар маҳаллаи Мирзопочо воқеъ дар марзи миёни ҷамоатҳои деҳоти Қурғонча ва Ак – Босого баргузор гардид, гуфт, раиси ҷамоати Қурғонча, Нодир Усмонзода ба Sputnik Тоҷикистон.
Вохурӣ дар фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуда, ба зарурати такрор нашудани чунин ҳодисаҳо таъкид гардид.
Ахиран аз тири марзбонони қирғиз як шаҳрванди мулкии Тоҷикистон захм бардошт, ки дар беморхона буда, вазъаш муътадил арзёбӣ мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:15

Муаррихи низомии тоҷик Ғафур Шерматов бо ордени Дӯстӣ мукофотонида шуд.

Онро сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев зимни зиёфати тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба тақдим намуд.
Муаррихи Душанбе дар омузиши мероси меъмории шӯравӣ ва ҷустуҷӯи маълумоти гумшуда дар бораи шахсиятҳои барҷастаи русу тоҷик саҳми бузург гузоштааст.
"Ин шахс тамоми корро барои ҳифзи хотираи умумии таърихӣ анҷом медиҳад", - гуфт Григорев.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:38

Раҳмон аз Рустами Эмомалӣ хост, ҳайати намояндагони Русияро бо оши палав зиёфат диҳад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон пас аз ифтитоҳи муҷассама бо ҳайати ҷониби Русия тақрибан 15 дақиқа гуфтугӯ кард, иттилоъ дод хабарнигори @Sputnik_Tajikistan.
Ба гуфтаи ӯ, онҳо дар бораи табиат ва меваҳои тоҷикӣ сӯҳбат кардаанд.
Видео удалено или не является публично доступным
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:02

Дар Душанбе "Муҷассамаи Ғалаба"-ро баъди интиқоли он ба боғи Ғалаба ва навсозӣ ифтитоҳ карданд.

Дар маросим, дар баробари президент Эмомалӣ Раҳмон инчунин муовини раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Русия, Кара-Оол Шолбан иштирок намуданд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:45

Дар Хуҷанд маросими ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баргузор шуд.

Чорабинӣ 8 май дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидон, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳр бо ҳузури раиси вилоят гузашт.
Дар ёдбуд собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони аҳли зиёи вилоят, ҷомеаҳои меҳнатӣ, омӯзгорону толибилмон иштирок дошта, бар пояи муҷассама гулҳои тару тоза гузоштанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:34

Кумакпулии раиси Суғд ба собиқадорону ҳамсарони бесаробонмонда

Раиси Суғд ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони бесаробонмонда иштирокчиёни ин ҷанг 7 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, ҳамчунин аз кумаки Раҷаббой Аҳмадзода онҳое бархӯрдор шуданд, ки он солҳо дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд.
Шахсоне, ки бо яке аз медалҳои “Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”, “Барои Ғалаба бар Япония” ва “Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” сарфароз гардидаанд, 4 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ гирифтанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:30

Литва омода аст ба Украина нерӯ фиристад

Дар ин бора Financial Times бо истинод ба сарвазир Ингрида Шимоните навиштааст.
Шимоните ба FT гуфтааст, ки вай аз порлумон иҷозаи фиристодани нерӯҳо ба Украина барои омӯзишро дорад.
Литва инчунин иҷозаи иқомат ба сарбозони украиниро рад хоҳад кард, то "Украина тавонад нерӯҳои мусаллаҳи худро нав кунанд".
Аммо онҳо дидаву дониста шаҳрвандони Украинаро ҷустуҷӯ ва депорт намекунанд, чун ин ғайриқонунист, афзудаст ӯ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:30

Намояндагони саноати нефту гази Тотористон ба мулоқот бо Толибон* рафтаанд.

Дар вохӯрӣ бо иҷрокунандаи вазифаи вазири саноати куҳии Толибон*, Шаҳобуддин Дилавар сармоягузорӣ бо иктишоф, истихроҷ ва коркарди манобеи нерӯ баррасӣ шудаст.
Толибон* аз кори феълии чиниҳо дар кони Қашқарӣ ёдовар шуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ изҳор доштаанд.
Гуфта шудаст, ки "Татнефт" ба сарватҳои зеризаминии Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.
*-созмон барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:22

⚽️ Рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии футзал маълум шуданд.

Дастаи яккачини кишвар, ки бори аввал ба ин мусобиқа роҳ ёфтааст, бо чунин тимҳо рӯбарӯ мешавад:
➖Афғонистон
➖Хорватия
➖ Зеландияи Нав
➖Коста-Рика
➖Венесуэла.
ФФТ хабар медиҳад, ки қуръакашӣ бозиҳои ин дастаҳо рӯзи 26 май дар Самарқанд баргузор мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 08:45

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз Исроил хост, ки аз авҷ шидати таниш дар минтақа худдорӣ куна

Созиши оташбас дар навори Ғазза "як фурсати бениҳоят муҳимест, ки минтақа ва бешубҳа ҷаҳон онро аз даст дода наметавонад",- гуфт Гутерриш.
Вай афзуд, ки амалиёти низомии Исроил дар Рафаҳ метавонад "иштибоҳи стратегӣ, як фалокати сиёсӣ ва даҳшати башардӯстона" шавад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 07:07
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 7 мая в 18:30

Суғд ба хориҷ 30 ҳазор тонна меваи хушк содирот кардааст

Дар чор моҳи соли равон аз вил¬ояти Суғд ба кишварҳ¬ои хориҷи дуру наздик наздик 30 ҳазор тонна хушкмева ба ма¬блағи 12 млн дол¬лар содирот карда шу¬дааст.
Меваҳои хушк аз вилояти Суғд ба кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла Амрико, Ироқ, Полша, Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо соди¬рот шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 7 мая в 18:00

Аҳмадзода кӯмакпулиҳоро ба ҳар як иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ расонд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳар як иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳафт ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақта додааст.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 40 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 7 мая в 17:45
Показать ещё