Вазири дифои Испания гуфт, ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин дар Ғазза як “наслкушии воқеӣ” аст. Равобити миёни Тел-Авмв ва Испания пас аз тасмими Мадрид барои ба расмият шинохтани кишвари Фаластин бадтар шудааст.
Ба гузориши ТоҷикПресс, изҳороти Маргарита Роблес, вазири дифои Испания дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии TVE, бозтоби назари “Йоланда Диаз, муовини нахуствазири Испания аст, ки тайи рӯзҳои гузашта ҷанги саҳюнистҳо дар Ғаззаро наслкушӣ тавсиф кард.
Роблес дар ин мусоҳиба гуфт: “Мо наметавонем он чиро дар Ғазза иттифоқ меафтад, нодидаи бигирем; ин як наслкушии воқеӣ аст.
Вазири дифои Испания ҳамчунин гуфт ба расмият шинохтани Фаластин тавассути Мадрид иқдоме алайҳи режими саҳюнистӣ нест ва афзуд, ки ин ба расмият шинохтани Фаластин барои кумак ба “поён додан ба хушунат дар Ғазза” тарроҳӣ шудааст.
Ӯ гуфт: “Ин алайҳи касе нест, ин алайҳи кабинаи Исроил нест, ин алайҳи исроилиҳо нест, мардуме ки мо ба онҳо эҳтиром мегузорем.” https://tajikpress.com/2024/05/26/%d1%82%d0%b0%d1%80%d2%b3%d0%b8-%d1%8d%d1%8a%d1%82%d0%b8%d1%80%d0%be%d1%84%d0%b8-%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d0%bf%d0%be%d1%91%d0%bd-%d0%b4%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев