Ҷ)
Духтари Ҷавоне, ки нав ба шавҳар баромада буд бо
чашмони пур аз ашк ба падараш гуфт:
– Падарҷон, дирўз байни ману шавҳарам хамдигар-нофаҳмие рух доду як калима сухани ноҷо ва бемавриде
аз забонам баромад, ки сабаби хашму ғазаби шавхарам
гардид. Вақте норози ва ғазабнок шудани ўро дидам, аз
кардаам пушаймон гашта, аз ў узрхоҳи намудам. Аммо
вай бошад бо ман сухан гуфтан нахост ва аз ман рўй
гардонид. Пас дар атрофаш парвонавор давр зада навозишу узрхоҳи намудам, то қаҳраш паст шуд ва узрамро
пазируфту хандида аз ман хурсанду рози гашт. Аммо
ман аз он хавф дорам, ки бо сабаби чанд лаҳза шавҳарамро ранҷонида норози сохтанам, ба ғазаби Худо
гирифтор нашуда бошам? Падар гуфт: «Духтарам! Қасам ба он Зоте, ки ҷони
ман ба дасти ўст, агар ту пеш аз дили шавҳаратро хурсанду рози карданат аз дунё реҳлат менамуди, ман
Ҳаргиз аз ту рози намешудам. Оё намедони ҳар занеро,
ки шавҳараш аз ў ѓазабнок ва норози бошад, он зан дар Қуръон лаънат карда шудааст ва
барояш сакароти марг сахт ва ќабраш танг мегардад.
Хушо ба холи зане, ки шавҳараш аз ў хурсанд ва
розист. Зани покдоман хамеша дар фикри он аст, ки назди шавҳараш азизу махбуб бошад ва аз ў чизе, ки хушию
осудагии зиндагиро тира мегардонад, сар назанад....СУБҲОНАЛЛОҲ ..ХУДОЁ ҲАМАИ ХОҲАРОНУ АПАҲОИ МОРО БА МИСЛИ ҲАМИН ҶАВОН ДУХТАР БИГАРДОНИ ВА БАРОИ МО ЧУНИН ЗАНИ СОЛЕҲА НАСИБ ГАРДОНИ ВА БАРОИ ОН БАРОДАРОНЕ, КИ БЕ ЗАН ҲАСТАН..ОМИН.
Марҳамат дустон хоҳед чунин Қиссаҳо бо мо ҳамроҳ шавед.ok.ru/qlsaho
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 20