☜
Оварданд, ки Иброҳим бини Адҳам ( р) ба Басра рафтанд. Аҳли он вилоят назди эшон ҷамъ шуданд, гуфтанд: " Ё шайх, Аллоҳ таъоло дар каломи маҷиди худ ёд кардааст: Бихонед, то иҷобат кунам Шуморо " ( Сураи Ғофир, ояти 60). Моён муддати чанд сол аст, ки дуъо мекунем, аммо асари иҷобат маълум нест. Иброҳим бини Адҳам ( р) гуфтанд: " Дили шумоён бо даҳ чиз мурдааст, ба чи навъ дуъои шумоён мустаҷоб гардад.
1. Аввал ин ки Аллоҳ таъолоро мешиносед, фармудаӣ ӯро намекунед.
2. Дуюм Қуръонро мехонед ва ба он амал намекунед.
3. Сеюм даъвои муҳаббати Расулаллоҳ ( с)- ро мекунед, суннатҳои ӯро тарк кардаед.
4. Чаҳорум, шайтонро душман медоред, шабу рӯз тоати ӯро ба ҷо меоред.
5. Панҷум духули биҳиштро мехоҳед, зоду роҳилаи ӯро намекунед.
6. Шашум аз дузах наҷот ёфтанро мехоҳед, худро ба дузах меандозед.
7. Ҳафтум маргро ҳақ аст мегуйед, истеъдоди ӯро намекунед .
8. Ҳаштум айби худро намебинед, шабу рӯз айбҷуии бародарони мусалмонро мекунед.
9. Нуҳум неъмати Аллоҳ таъолоро Мехуред, шукронаи ӯро ба ҷо намеоред.
10. Даҳум ҳар рӯз марги ҳамсоя ва хешони худро мушоҳида мекунед, аз марги худ ҳеҷ огоҳи надоред."
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2