Абумансур аз ҷиҳати фақру тангдастияш бисёр зиндагии душворро паси сар менамуд.
Ҳамсари ӯ бо фарзандонаш аз гуруснагӣ азоб кашида, ҳар рӯзро бо гиряву нола сипарӣ менамуданд.
Вақте ки ӯ гиряи фарзандонашро медид бисёр нороҳат шуда, худро дар тангобе тасаввур мекард, ки гӯё дар он роҳи наҷоте набошад.
Рӯзе аз хона баромада баро дарёфти қуте дар роҳ равон буд, ки бо олими машҳур Аҳмад писари Мискин вохурд.
Абумансур ба ӯ мушкилияшро бозгӯ намуд.
Чун ҳолати сахти ӯро Шайх бишнид, ба Абумансур гӯфт:
Аз пушти ман ба лаби баҳр биё.
Вақте ки ба лаби баҳр расиданд, Шайх Аҳмад ба Абумансур фармон дод, то ду ракъат намоз гузорад. Пас аз адои намоз Шайх ба ӯ боз фармон дод, ки се маротиба лафзи Бисмиллоҳ ба забон ронада, тури моҳигириро ба дохили баҳр партояд.
Абумансур тури моҳигириро ба баҳр андохт. Пас аз чанд лаҳзае моҳии калоне дар сайд афтод.
Шайх ба ӯ гуфт, ки ин моҳиро гирифта ба бозор бар. Онро бифуруш ва ба фарзандонат хурок бихар.
Абумансур ба бозор рафта, моҳиро мефурушад ва бо пули ба даст омадааш ду фатир мехарад, ки яке аз он гуштӣ ва дигаре аз шакар омода шуда буд.
Ӯ фатирҳоро гирифта ба назди Шайх меояд ва ба ӯ як фатирашро медиҳад, вале Шайх фатирро баргардонда мегӯяд: Бар, ҳамроҳи фарзандонат хур, ин ҳаққи фарзандони туст.
Абумансур бо дили пур ба сӯи хонааш равон гашт, ки ногаҳон дар роҳ занеро бо кудаке дар ҳоли гиристан дид. Вақте ки фатирро дар дасти ӯ диданд, аз дасти Абумансур чашм наканда, мегиристанд.
Абумансур худро дар ҳолати ногувор ҳис карда, ба онҳо фатирҳоро медиҳад. Ва бо худ мегӯяд, ки: Ин зан мисли ҳамсари ман ва кудакони ман гушнааст, чи гуна ӯро гузошта фатирҳоро ба хонаам барам.
Абумансури шикорчӣ бо дили ҳазину ғамгин ба сӯи хонааш раҳсипор гашт. Ногаҳон аз пеши ӯ марде баромад, ки мегӯфт: Эй мардум хонаи Абумансур куҷост? Мардум ӯро ба назди Абумансур оварданд. Ва ӯ ба Абумансур гуфт: 10 сол пеш ман аз падарат ба миқдори 30000 дирҳам қарз гирифта будам, акнун ки сину солам ба ҷое расидааст, мехоҳам қарзро пардох намоям. Ана ин ҳамон 30000 дирҳами падарат.
Абумансур ин хабарро шунида дигар аз хурсандиву хушҳолӣ ҷои нишаст намеёфт. Ӯ мегӯяд: Пас аз муддати андаке чунон сарватманд шудам, ки тақрибан ҳаррӯз ба миқдори 10000 дирҳам садақаву хайриёт медодам.
Рӯзе аз рӯзҳо Абумансур дар хоб худро дар маҳшаргоҳ (рӯзи қиёмат) мебинад, ки ӯ дар ҳолати муҳосаба ва муохазаи фариштагони илоҳӣ қарор дорад. Аз болои сараш овозеро мешунавад, ки ба фариштагон фармоиш медод: Амалҳои неку бадашро дар палаҳои тарозу гузоред.
Вақте ки амалҳои бадашро дар як палаи тарозу ва амалҳои некашро дар палаи дигар мегузоранд, мебинад ки палаи амалҳои бадаш вазнинтару сангинтар аст. Боз садоеро мешунавад, ки аз фариштагон мепурсад: Оё боз амали неке дорад? дар посух мегӯянд: Бале, садақоти зиёде дорад, ки ҳарруз ба миқдори 10000 дирҳам садақа менамуд. Ба онҳо супориш медиҳанд, ки садақоташро ба палаи тарозу гузоранд, аммо палаи тарозуи бадиҳояш ҳолоҳам сангинтар аст.
Фариштагон боз пурсида мешаванд: Оё боз амали неке дорад?
Мегӯянд: Бале, дорад. Ду фатир, ки рӯзе дар ҳолати тангдастияш садақа карда буд.
Вақто ки савоби ду фатирро дар тарозу мегузоранд, ҳарду палаи тарозу баробар мешавад.
Боз ҳамон садо аз фариштагон мепурсад: Амали неке дорад, ки палаи некии тарозу сангинтар гардад ?
Фариштагон мегӯянд: Бале, дорад. Қатраи ашки модар ва кудаке, ки сабаби нармии дили Абумансур гардида буд. Ва ӯ ба хотири қатраи ашки модари кудак аз баҳри хурсандиву бебокии хонадонаш бигзашт ва ба онҳо неки намуд.
Чун ин ду амал ба тарозу гузошта мешавад, палаи амалҳои бади Абумансур дар ҳаво бархоста, корҳои некаш сангинтар мегардад.
Ва садои дилнишине, ки ба ҳеҷ овозе монанд набуд, ба гушаш мерасад, ки ба фариштагон супориш медод: Ӯро ба биҳишт баред. Зеро ӯ сазовори биҳиштӣ буданаст.
Дар ин асно Абумансур аз хоб бар хеста, назди худ чунин назр мекунад: Худовандо аз ин рӯз иборатан садақаву хайротамро танҳо аз барои ту ва аз барои некҳолии мардум зиёда мекунам.
Худованд мову шуморо аз ҷумлаи ин гуна нафарони Худоогоҳу Худошинос бигардонад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 6