Қомати наврастаатро бе намози хам кунад.
Ризқи Аллоҳ додаатро бе намози кам кунад.
Ин ҳама сармояи умри ту бошад эй азиз.
Умри ҳафтодсолаатро бе намози кам кунад.
Ту машав ғофил зи ин ганҷинаи ноёфтани.
Ки намозу руза ҳар як бандаро одам кунад.
Бо ҳазар бош аз азобу қисмату тақдири хеш.
К-ин нишони бе намозӣ,бандаро сархам кунад.
Бош қоим вақти фарзаш,то шави бе дарду ғам.
Бе намози,бе худои,бандаро пурғам кунад.