Абу Зар(р) мегӯяд: маҳбубам саллаллоҳу алайҳи ва саллам маро ба ҳафт чиз фармон кард:
1⃣ Маро ба муҳаббати фақирон ва наздик шудан ба онҳо амр кард.
2⃣ Ва ба ман амр кард, ки ба поёнтар аз худам нигоҳ кунам, на баландтар аз хеш.
3⃣ Ва маро амр намуд, ки бо хешовандонам пайванд дошта бошам, агарчи онҳо бо ман қатъи робита кунанд.
4⃣ Ва ба ман дастур дод, ки аз ҳеҷ кас чизе дархост накунам.
5⃣ Ва фармон кард, ки ҳақиқатро бигӯям, агарчи талх ҳам бошад.
6⃣ Ва ба ман дастур дод, ки дар роҳи Аллоҳ аз сарзаниши сарзанишкунандагон тарс ва ҳароси надошта бошам.
7⃣ Ва маро фармон дод, ки бисёр бигӯям:
"لَا حَوْلَ وَلَا قُوَّةَ إِلَّا بِاللَّهِ "
"Чун яке аз ганҷҳои зери Аърш аст."
Дар ривояти дигар: " чун яке аз ганҷҳои биҳишт аст."
📚أخرجه الإمام أحمد وابن حبان والطبراني والخرائطي والبيهقي وأبو نعيم وإسناده صحیح
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев